35 years of independency
Стипендия, нафақа, маоши муаллимон ва як қатор соҳаҳои дигар боз зиёд шуд
162

Аз имрӯз, 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мешавад.

Музди меҳнати кормандони дигари муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ бошад, ба андозаи 20% зиёд карда мешавад. Стипендияи донишҷӯён низ 20 фоиз зиёд мешавад.

Музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин соҳа бошад, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки зиёд кардани музди меҳнат зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД