goodwell
Сухангӯи Кохи Сафед аз мақомаш канора мегирад
13.08.2026
Oila.tj
113

Сухангӯи Кохи Сафед Каролайн Ливитт дар охири моҳи август аз мақомаш истеъфо медиҳад, то вақти бештарро бо оила ва ду фарзанди хурдсолаш гузаронад. Пас аз тарки мақом ӯ ба ҳайси мушовири ғайрирасмӣ ҳамкориро бо президенти ИМА Доналд Трамп идома хоҳад дод.

Дар ин бора Трамп рӯзи 13-уми август дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” хабар дод. Ӯ гуфт, ки қарори ӯро эҳтиром мекунад ва таъкид намуд, ки Ливитт баъд аз тарки мақом ҳам яке аз мушовирони асосии ӯ боқӣ мемонад ва дар фаъолияти Ҳизби ҷумҳурихоҳ пеш аз интихоботи миёндавраӣ иштирок хоҳад кард.

Хонум Ливитт низ ин тасмимро дар шабакаи иҷтимои “X” тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки пас аз таваллуди духтараш дарк кардааст, ки ҳамзамон иҷро кардани вазифаи модарӣ ва коре, ки ҳузури доимӣ ва таваҷҷуҳи зиёд талаб мекунад, барои ӯ хеле душвор шудааст.

Ливитт чунин навиштааст: «Ман наметавонам ҳамзамон модари беҳтарине бошам, ки ду фарзанди хурдсолам сазовори он ҳастанд ва вақти доимӣ, нерӯ ва таваҷҷуҳеро, ки вазифаи сухангӯи Кохи Сафед талаб мекунад, сарф кунам».

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки берун аз Кохи Сафед низ аз Трамп, ҷунбиши “MAGA” ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ пуштибонӣ хоҳад кард.

Ливитт тақрибан якуним сол дар мақоми сухангӯи Кохи Сафед фаъолият кард. Дар паёми худ ӯ ба Трамп, оилаи ӯ, роҳбари дастгоҳи Кохи Сафед Сюзи Уайлс ва кормандони маъмурият изҳори сипос намуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ ҷойи ӯро дар мақоми сухангӯи Кохи Сафед ишғол мекунад.

Қаблан хабарҳо дар бораи он нашр шуда буданд, ки Доналд Трамп дар як мулоқоти ғайрирасмӣ гуфтааст, мехоҳад ноиби президент Ҷей Ди Вэнс президенти баъдии ИМА шавад. Аммо Трамп то ҳол дар назди ҷомеа аз ягон номзад дар интихоботи соли 2028 расман ҷонибдорӣ накардааст ва ҳамоно Вэнс ва вазири корҳои хориҷӣ Марко Рубиоро аз номзадҳои эҳтимолӣ медонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД