goodwell
Султони мусиқии мардумии Афғонистон
30.05.2026
СИПЕҲР
55

Мири Мафтунро дар Тоҷикистон солиёни зиёдест, ки мешиносанд ва дӯст медоранд. Вале давоми як соли охир дуэтҳои ӯ бо сарояндагони тоҷик - Хуҷастаи Мирзовалӣ, Сироҷиддин Фозилов ва ахиран бо Ёсамин Давлатова шуҳрати ӯро миёни ҷавонони тоҷик дучанд кард. Ин сарояндаи бузурги форсизабон қаҳрамони инҳафтаинаи гӯшаи “Ситораи Шарқ” аст.

Рисолати ҳунарӣ

Мири Мафтун аз ҷумлаи ҳунармандоне аст, ки тавонист мусиқии мардумии Бадахшон ва шимоли Афғонистонро аз маҳфилҳои рустоӣ ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ барад ва ҳамзамон бо садои худ миёни форсизабонони минтақа пуле аз муҳаббат ва ҳамзабонӣ бисозад.
Садои хоси ӯ, тарзи иҷрои фалаку сурудҳои мардумӣ, навозиши думбура ва рубоб, инчунин содагӣ ва рӯҳи мардумии ҳунараш боис шуданд, ки ӯро “султони мусиқии мардумии Афғонистон” ном баранд.

Маҳрум аз меҳри падар

Мири Мафтун, ки номи аслияш Меҳрӣ аст, соли 1962 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон ба дунё омадааст. Рӯзи дақиқи таваллудаш дар ягон манбаъ сабт нашудааст, аммо зиндагии ӯ аз ҳамон овони кӯдакӣ бо мусиқӣ ва фарҳанги мардумӣ пайванд хӯрд.

Ӯ дар рустои Бозгир, дар соҳили рӯди Омӯ, бузург шуд; рӯде, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, вале мардумашро аз лиҳози забон, фарҳанг ва эҳсосот ба ҳам мепайвандад. Дар ҳамин муҳити кӯҳистонӣ, ки садои думбура ва фалак дар ҳавояш танин дошт, истеъдоди ӯ шакл гирифт.

Худи ӯ борҳо гуфтааст, ки ҳанӯз дар синни ҳаштсолагӣ ба сурудхонӣ ва навохтани созҳои мардумӣ оғоз кардааст. Падараш Муҳаммадризо ҳунарманди мардумӣ буд ва бо доира ва думбура суруд мехонд. Мири Мафтун аввалин дарсҳои мусиқиро аз падар омӯхт.

Ӯ ба ёд меорад, ки падараш, ҳарчанд таҳсилоти расмӣ надошт, шеъри Мирзо Бедилро бо эҳсоси амиқ мехонд ва баъзан аз таъсири маънавии шеърҳо гиря мекард. Ин муҳити адабиву мусиқӣ ба рӯҳу ҷаҳонбинии Мири Мафтун таъсири бузург гузошт.

Аммо ӯ ҳанӯз дар кӯдакӣ аз меҳри падар маҳрум шуд. Бо вуҷуди ин, истеъдоди фитрӣ ва муҳаббати беандоза ба мусиқӣ сабаб гардид, ки роҳи ҳунарро идома диҳад.

Сарбозе, ки хуб мехонад

Мири Мафтун дар наврасӣ аллакай дар Ишкошим ҳамчун овозхони ҷавон шинохта мешуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб дар маҳфилҳо суруд мехонд ва оҳиста-оҳиста миёни мардум маъруф мешуд.

Баъдтар ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ӯ дар Файзобод хизмат мекард вале дар он ҷо низ ҳунарро тарк накард. Ҳатто ҳангоми омӯзиши низомӣ дар Қирғизистон низ мусиқӣ ҳамсафари ӯ буд. Пас аз бозгашт афсар шуд, вале дилаш бештар ба думбура бастагӣ дошт, на ба силоҳ.
Ӯ дар қисми низомӣ гурӯҳи мусиқӣ таъсис дод ва дар маҳфилҳо месуруд. Оҳиста-оҳиста мардум ӯро ҳамчун “ҳамон афсаре, ки бисёр хуб мехонад” мешинохтанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани муҷоҳидин дар Афғонистон ӯ хизмати ҳарбиро тарк кард ва пурра ба мусиқӣ рӯ овард. Ин тасмим оғози марҳилаи нави зиндагии ҳунарии ӯ гардид.

Роҳи дигар

Дар солҳои аввали фаъолияти Мири Мафтун мусиқии Афғонистон бештар ба сабкҳои ғарбӣ ва шаҳрӣ майл дошт. Сарояндагоне чун Аҳмад Зоҳир ва дигар чеҳраҳои машҳури он замон дар ҷомеа таъсири бузург доштанд.

Аммо Мири Мафтун роҳи дигарро интихоб кард. Ӯ ба мусиқии мардумӣ ва фолклори Бадахшон рӯ овард.

Худи ӯ сабаби ин интихобро чунин шарҳ медиҳад: “Падари ман ҳунарманди мардумӣ буд ва ман ҳам дар пайравӣ ба ӯ сурудҳои фолклорӣ мехондам. Ин сурудҳо аз падару бобоёнамон ба мо мерос мондаанд ва барои мо азизанд”.

Ӯ тавонист мусиқии мардумии Бадахшонро бо сабкҳои гуногуни шимоли Афғонистон омезиш диҳад. Навозиши думбура, ғижак, доира ва рубоб дар сурудҳои ӯ ҷойгоҳи асосӣ дорад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ҳунараш он аст, ки ӯ ҳаргиз аз решаҳои мардумӣ ҷудо нашуд. Ҳатто вақте дар Аврупо консерт медод ё дар телевизионҳои бузург ҳунарнамоӣ мекард, ҳамоно рӯи қолин бо думбура менишаст ва худро “қаландарсифат” меномид.

Сарояндаи ишқу зебоӣ

Мири Мафтун танҳо сарояндаи сурудҳои мардумӣ нест. Ӯ оҳангсоз, навозанда ва ҳофизи фарҳанги мардумӣ низ ҳаст.

Ӯ думбура, ғижак, гармониум ва дигар созҳои мардумиро ба хубӣ менавозад. Бисёре аз сурудҳояшро худ эҷод мекунад ва бештар танҳо ба забони форсӣ месарояд.

Сурудҳои ӯ бештар дар ду мавзуъ давр мезананд: ишқ ва зиндагии мардумӣ. Дар баробари таронаҳои ошиқона, ӯ сурудҳои мазҳакавӣ ва иҷтимоӣ низ дорад.

Мири Мафтун дар сабки фалак низ саҳми бузург дорад. Ӯ яке аз он ҳунармандонест, ки фалаки Бадахшонро ба доираи васеи шунавандагон муаррифӣ кард.

Сурудҳои Мири Мафтун бисёр маъруфанд ва вирди забони хосу ом. Аз ҷумла: «Аҷаб дунёст ин дунё», «Меравӣ ҷилвакунон», «Хола», «Рафиқ гар бевафо бошад», «Духтар амӯҷон», «Ҷон-ҷон ёракам», «Анор анор», «Лаъли Бадахшон», «Тоҷикистон», «Ман ошиқи Рамина», «Дилбаракам биё», «Ин Кобул ҷонон аст», «Модар», «Эй вой бар ҷавонӣ», «Гумонам орзуҳоям ба гӯристон мемонад».

Яке аз машҳуртарин сурудҳои ӯ “Ман ошиқи Рамина” аст, ки дар он беш аз панҷоҳ номи духтарона зикр мешавад. Ин тарона миёни мардум ба номи “Ҳозирӣ” маъруф шудааст.

Пайванд бо Тоҷикистон

Мири Мафтун дар Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад. Худи ӯ Тоҷикистонро “ватани худ” меномад ва ҳамеша бар ваҳдати форсизабонон таъкид мекунад.

Ӯ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст ва дар барномаҳои телевизионӣ, ҷашнҳо ва консертҳо иштирок намудааст.

Соли 2013 бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад ва консерти бузурге баргузор кард. Дар он сафар ӯ ҳатто суруде ба президенти Тоҷикистон бахшид.

Мири Мафтун дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфта буд, ки дар ҳамон рӯзҳо ба Олмон, Канада ва Туркия низ даъват дошт, аммо даъвати Тоҷикистонро авлотар донист.

“Ман тоҷик ҳастам ва табиист, ки дар Тоҷикистон мухлисони зиёде дорам”,- гуфта буд ӯ.

Мири Мафтун мегӯяд, ки яке аз рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи зиндагии ӯ мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ба гуфтаи худи сароянда, панҷ сол пеш аз мусоҳибаи соли 2019 президент ӯро ба маросиме даъват карда, дар анҷом ҷомаи зардӯзӣ ҳадя намудааст.

“Ин ҷома ҳанӯз бо ман аст ва то зинда ҳастам, онро болои чашм мегузорам”,- мегӯяд Мири Мафтун.

Ин эҳтиром барои сарояндае, ки ҳамеша худро намояндаи фарҳанги муштараки форсизабонон медонад, аҳамияти рамзӣ дошт.

Мири Мафтун бо чандин сарояндаи тоҷик ҳамкорӣ кардааст.

“Ситораи афғон”  

Дар солҳои охир Мири Мафтун ҳамчун яке аз ҳакамони барномаи машҳури Ситораи афғон фаъолият кардааст.

Ҳузури ӯ дар ин барнома боис шуд, ки мусиқии мардумӣ дубора миёни ҷавонон маъруф шавад. Пеш аз ин бисёриҳо гумон мекарданд, ки ҷойи мусиқии мардумӣ танҳо дар маҳфилҳои рустоист. Аммо Мири Мафтун онро ба саҳнаи асосии телевизион овард.

Мири Мафтун барои хидматҳояш дар тарғиби мусиқии мардумӣ соҳиби соли 2001 ӯ барандаи ҷоизаи байналмилалии Ҷоизаи Шоҳзода Клаус гардид. Ин ҷоиза ба ӯ “барои истеъдоди мусиқӣ ва нақшаш ҳамчун интиқолдиҳандаи фарҳанги мусиқии мардумии шимоли Афғонистон” дода шуд.

Баъд аз ин Мири Мафтун ба Аврупо сафар кард ва дар шаҳрҳои гуногун, аз ҷумла Арнем ва Париж, консерт баргузор намуд.

Дар замони Толибон

Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби зиндагии Мири Мафтун он аст, ки ӯ дар солҳои душвори ҷанг ва ҳукумати Толибон низ фаъолияти ҳунариро идома дод. Албатта, дар Афғонистон барномаҳои ҳунарии ӯ баргузор намешаванд, бинобар ин, ҳунарманд солҳои охир бештар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. 

Мири Мафтун воқеан, сарсупурдаи ҳунар аст. Шахсияти ӯ низ мисли ҳунараш мардумӣ ва сода аст.

Ӯ боре гуфта буд: “Ман қаландарсифат ҳастам. Шуҳрат бароям аҳамият надорад. Рӯи гилем бо думбура менишинам”.

Ин содагӣ ва самимият сабаб шудааст, ки мардум ӯро танҳо ҳамчун сароянда не, балки ҳамчун инсони худӣ дӯст доранд.

Нақши Мири Мафтун дар мусиқии Афғонистон бисёр муҳим аст. Ӯ тавонист мусиқии мардумии Бадахшонро ҳифз кунад ва ба наслҳои ҷавон расонад.

Дар замоне ки мусиқии тиҷоратӣ ва сабкҳои хориҷӣ бозорро фаро гирифта буданд, ӯ собит кард, ки мусиқии мардумӣ ҳанӯз ҳам метавонад шунаванда дошта бошад.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД