goodwell
Суруди Садриддин Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан ва Баҳром Ғафурӣ бозхонӣ шуд
20.09.2026
Oila.tj
38

Таронаи маъруфи сеовозии «Аз манӣ», ки бо иҷрои Садриддин Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан ва шодравон Баҳром Ғафурӣ миёни ҳаводорони мусиқии тоҷик маҳбубият пайдо карда буд, ин бор бо овози насли ҷавон садо дод. Сарояндагони ҷавон Ҷаҳонгир Зарипов, Умедҷони Бурҳон ва Анушервони Баҳром таронаро бозхонӣ карда, барои он намоҳанги тоза омода намудаанд.

Намоҳанг беш аз 9 дақиқа идома мекунад ва аз клипҳои маъмулии мусиқӣ бо доштани хатти хурди сужавӣ фарқ менамояд. Се сарояндаи ҷавон ҳамроҳ бо се духтари блогер қаҳрамонони асосии онанд. Ҷавонҳо ҳар кадом бо шеваи худ мекӯшанд дили духтареро ба даст оваранд, аммо талошҳояшон пайи ҳам бенатиҷа мемонад. Дар натиҷа, таронаи ошиқона бо саҳнаҳои ҳаҷвию романтикӣ омезиш ёфта, намоҳангро ба як қиссаи кӯтоҳи мусиқӣ табдил додааст.

Аммо ҷолибтарин бахши тарҳ ҳузури Садриддин Наҷмиддин ва Меҳрубони Равшан аст. Онҳо танҳо ҳамчун меҳмони клип пайдо намешаванд, балки дар пешбурди сужа низ иштирок мекунанд. Ҳамин ҳузури ду иҷрокунандаи аслии тарона миёни нусхаи пешин ва бозхонии имрӯз як навъ пул эҷод мекунад: суруде, ки замоне бо се овози шинохта садо медод, акнун ба се сарояндаи ҷавон вогузор мешавад.

Бахусус анҷоми намоҳанг маънои рамзӣ пайдо мекунад. Маълум мешавад, ки Садриддин Наҷмиддин устоди духтарон будааст. Ӯ дар охир Анушервони Баҳром - писари Баҳром Ғафурӣро бо худ мебарад. Ин саҳнаро метавон танҳо ҷузъи сужа донист, аммо барои бинандае, ки сарнавишти се иҷрокунандаи аслиро медонад, он маънои дигар низ пайдо мекунад.

Садриддин Наҷмиддин ва Меҳрубони Равшан имрӯз фаъолияти эҷодии худро идома медиҳанд, аммо Баҳром Ғафурӣ 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Аз ҳамин нигоҳ, саҳнае, ки Садриддин писари дӯсти даргузаштаашро ҳамроҳ мебарад, метавонад ҳамчун ишора ба идомаи роҳ, пайванди наслҳо ва нигоҳ доштани хотираи Баҳром Ғафурӣ тафсир шавад.

Худи интихоби Анушервони Баҳром барои иҷрои қисме аз тарона низ таваҷҷуҳбарангез аст. Дар бозхонии «Аз манӣ» на танҳо як хит аз нав зинда мешавад, балки садои писар ҷойеро мегирад, ки барои мухлисон бо номи падараш пайванд дорад. Аз ин рӯ, бозхонӣ хусусияти одии «кавер» надошта, то андозае ранги ёдбуд низ мегирад.

Намоҳанг аз лаҳзаҳои аввали нашр таваҷҷуҳи зиёд ба худ ҷалб кард. Онро дар муддати 4 рӯз наздик ба 500 000 нафар  дар YouTube  тамошо кардааст.

Шояд сирри таваҷҷуҳ низ дар ҳамин бошад: «Аз манӣ» ин дафъа на танҳо бозхонии як таронаи маъруф, балки мулоқоти ду насли ҳунармандон ва ёдоварӣ аз овози фаромӯшнашавандаи Баҳром Ғафурӣ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД