“Суруди сол-2025”: Аз интиқод то вокуниш
165

“Суруди сол” пас аз чанд соли танаффус баргашт. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио санаи 24-уми январ дар “Кохи Борбад” бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, вале мавриди интиқод қарор гирифт. Чаро?

Озмун набуд, консерт буд

Бархе рӯзноманигорон, сарояндагон ва таронанависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ “Суруди сол”-ро интиқод карданд. Ин нафарон асосан чунин эродҳо мегирифтанд:

- баъзе сурудҳои 6-7 сол пеш эҷод шуда “Суруди сол-2025” эълон шуданд;

- бархе таронаҳо аввалин бор дар ҳамон шаб иҷро шуда, ҳамзамон ҷоиза гирифтанд.

- сурудҳое, ки аллакай дар солҳои гузашта ҷоиза гирифта буданд, дубора қадрдонӣ шуданд. Дар баробари ин, бисёр ҳунармандони сермухлис ва хитсоз умуман даъват нашуданд.

Рӯзноманигор Меҳрубон Зокирӣ менависад, ки: «Ин Суруди сол набуд, ин консерт буд»

Ба гуфти Меҳрубон “ҳеҷ гуна овоздиҳӣ, озмун ва низомномаи равшан вуҷуд надошт. Интихоби сарояндаҳо ва сурудҳо аз ҷониби чанд нафар дар “як ҳуҷра” сурат гирифтааст. Ин раванд боиси шубҳа, дилсардӣ ва бадбинӣ миёни аҳли ҳунар шудааст”.

Ҳамчунин, ин чорабиниро ҳунармандони саршинос ва таронанависон аз қабили Ҳаётой Мӯъминова ва Шоираи Раҳимҷон интиқод карданд.

Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз баргузории маросими “Суруди сол”-и имсола изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ дар сатҳи ниҳоят баланд баргузор шуда, ба талаботи касбӣ ва эҷодӣ ҷавобгӯ буд.

Носир Саид қаноатманд аст

Дар робита ба “Суруди сол – 2025” дастандаркорони он – Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар Носир Саид вокуниш карданд.

Носир Саид дар посух ба суоли хабарнигорон вобаста ба овозаҳо ва ҳадсу гумонҳо дар мавриди ноодилона баргузор гардидани ин маросим таъкид кард, ки раванди баргузории “Суруди сол” шаффоф ва қонеъкунанда сурат гирифтааст.

“Баргузории “Суруди сол” маро бисёр қаноатманд кард. Маросим дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд ва дар он сарояндагони шинохта бо сурудҳои нав иштирок намуданд”, — иброз дошт раиси Кумита.

Носир Саид дар мавриди он кӣ ҳунармандонро кӣ интихоб кардааст, гуфт: “Онҳоро Шӯрои бадеӣ интихоб кардааст”.

Вокуниши вазири фарҳанг

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳам ба интиқодҳо дар мавриди “Суруди сол” вокуниш кард. Ӯ рӯзи 26 январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки аз интиқодҳо огоҳ аст.

“Мо аз интиқодҳо огоҳем ва баъзеи онҳо ҳақиқат доранд, ки дар солҳои баъдӣ ба назар хоҳем гирифт. Мо ҳамеша ҷонибдори танқиди созанда ҳастем, вале дар навиштаҳои бархе нисбати ҳунармандон беэҳтиромӣ шудааст. Бояд бигӯям, ки дар “Суруди сол” фақат он ҳунармандоне интихоб шудаанд, ки арзанда ҳастанд, мухлисони зиёд доранд ва дар рушди санъати тоҷик саҳм мегузоранд.” – гуфт Вазири фарҳанг.

Дар ҳамин нишасти матбуотӣ Мирзоолим Саидзода, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки “Суруди сол” баъди солҳо аз нав баргузор шуд, бинобар ин он фестивал буд на, озмуни эҷодӣ. Саидзода гуфт, ки солҳои оянда он ҳамчун озмун баргузор мешавад.

Бо вуҷуди танқидҳо, баргузор шудани “Суруди сол” қадами муҳим дар фазои ҳунарии кишвар мебошад. Он барои тарғиби мусиқии асил ва дастгирии сарояндагон ва боло бурдани завқи фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад. Дар баробари интиқодҳо ҳазорон нафар аз мухлисон “Суруди сол”-ро хуб пазироӣ карданд.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД