arzon november
Сюрпризи солинавӣ ё чи тавр аз даруни тухми мурғи ҳилол бачаи одам баромад
25.12.2021
Zebo
612

Соли нав дарвозаро мекӯбад. Омаданаш нағзу… проблемааш бисёр… Бозор рав, дӯкон рав, арча биёр, бозича ор… хулоса як сару сад савдо. Ман аслан барои ҳамаи ин чизҳо пул надиҳам ҳам, аммо харида оварданаш ба дӯши ман.
Дирӯз маҷбур карданд, ки тухм орам. Барои хуришҳо, кулчақанду боз чиҳои дигар, хулоса ягон 50 дона...
Махмур, бо димоғи сӯхта ва нафаси гирифта шитофтам сӯи бозор. Бозоре, ки дар арафаи идҳову ҷашнҳо инсоф аз он ҷо мегурезад … аниқтараш инсофро дар халта гирифта, даҳонашро мебанданд…
Вақтҳои охир ба тухм боварӣ нест. Тухми мурғи инкубатор тухми нағз не, мегӯянд… безурёт мекунад. Тухми хонагӣ бошад, ба зар баробар. Як донааш 3 сомонӣ. Ман ҳайрон, охир тухми инкубаторро тамоми олам мехӯрад, лекин ана аҳолии Хитой аз 1 млрд гузаштааст-ку! Безурёт намекардааст-дия!
Бо чунин фикру хаёл аз роҳрави бозор мегузаштам, ки садои ҷавоне баланд шуд.
-Тухми «Файзобод» арзон…
-Тухми Эрон
-Тухми Покистон…
-Тухми Ленинобод…
-Тухми хонагӣ…
-Тухми Ҳилол
Ана ҳамин ном маро дар ҷоям шах кард. Мурғи Ҳилол! Беҳтарин ва зеботарин парранда. Тухмаш ҳам шояд беҳтарин бошад. Ба фурӯшанда наздик шуда нархашро пурсидам.
-90 дирам, ака
-Э мурад, инкубатор мӣ…
-Ҳа ака… неки навъи олӣ. Дар соли нав приз дорад.
-Чӣ хели приз?
-Агар пули даҳ қуттиро диҳӣ, як коробка (12 қуттӣ)-ро мегирӣ. Боз дар дарунаш приз…
-Призи чӣ?
-Ҳар чӣ ака…
-Тухмҳои мӯҳлаташон гузаштагӣ не мӣ?
-Э, не ака… чида итарӣ мегӯй?
-Охир арзон, боз вайроншудагӣ набошад, ки барам ба ҷойи тухм як қуттӣ чӯҷа барояд?
-Э не… инкубатор чӯҷа надорад…
Хурсандона “Бахтам омад кард, тухми арзон харидам”, гуфта ба аробакаш 5 сомонӣ дода, қуттии тухмро то хона овардам. Ба хонумҳои хона дӯғу даранг карда, тухмро бо аробакаш якҷоя фаровардем. Аробакашро гусел карда, дар болои диван дароз кашидам ва чой фармуда, таъкид кардам, ки шокалад ва печинро фаромӯш накунанд…
Пулти телевизорро гирифта, тугмачаашро пахш карда нӣ будам, ки аз ошхона садои доду фарёд баланд шуд. Давида бароям аз даруни қуттии тухм каллачаи бемӯю сурхак, гардани борику дастчаҳои беқувват, аммо беқарору серҳаракат, мисли чӯҷаи нав аз тухм баромада ҷумбуҷӯл дорад. Дар ғазаб шудам ва кӯдак дар даст боз ба назди тухмфурӯш давидам .
- Тухми мӯҳлаташ гузаштаро ба ман фурӯхтаӣ додар, аз даруни тухмат чӯҷа баромад, аммо чаро якто?
Ҳанӯз моҷарои мо дар ҳолате, ки “чӯҷаро” ман дар бағал дошта меистодам ба охир нарасида, зане давон омада тифлро аз дастам гирифту гуфт:
-Ман дар вақти тухмхарӣ Сабринаро даруни қуттии холии тухм гузошта будам. Ин духтари ман бисёр беқарор аст, мабодо афтида намонад гуфта ӯро дар қуттии тухм андохтаму баъд фаромӯш кардаам. Аз афташ ин балоча аз болои худ сарпӯши қуттиро пӯшидааст...
Ҳамин тавр, моҷарои пешазсолинавӣ ба хушӣ анҷом ёфт...

Одили НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД