Commerce bank may-june 2026
Табиби тоҷик барои ҳамкорӣ ба кишвари Чин даъват шуд
231

Озмуни «Табиби сол - 2026» ба кишвар табибонеро муаррифӣ мекунад, ки метавон аз онҳо ифтихор намуд. Аз оғози Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» ҳамагӣ якуним моҳ сипарӣ шудааст, вале сокинони Тоҷикистон аллакай зиёда аз 25 000 фикру мулоҳиза дар бораи табибони кишвари мо гузоштаанд. Дар озмун зиёда аз 1800 корманди соҳаи тандурустӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз Мурғоб то Ашт, иштирок доранд.

Дар рақамҳои оморӣ саргузаштҳои воқеии табибон қарор доранд. Яке аз чунин иштирокчиёни озмун табиб Фирдавс Шарипов мебошад, ки ба ҳайси ҷарроҳи дили кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» фаъолият дорад.

Доктор барои ҳамкорӣ ба яке аз калонтарин беморхонаҳои давлатии шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват гардидааст. Дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Роҳи Абрешим» дар ин муассиса мубодилаи таҷриба байни мутахассисони тиббии кишварҳои гуногун амалӣ мешавад. Дар ин муддат табибони тоҷик ва чинӣ чандин маротиба омӯзишҳои муштарак, таҷрибаомӯзиҳо гузаронида, технологияҳои муосири ҷарроҳиро ҷорӣ намудаанд.

Дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Чин доктор Шарипов дар анҷом додани ҷарроҳиҳои мураккаб ба кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил иштирок намуд. Асоси ин амалиётҳоро усули инноватсионии таҳиянамудаи ҷарроҳи машҳури дил доктор Аҳмад Алӣ Амиргуфрон ташкил медод, ки табиби тоҷик ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар Эрон аз ӯ омӯзиш гирифта буд.

Бартарии ин усул дар он аст, ки клапани нави дил аз бофтаи худи бемор сохта мешавад. Чунин технология имкон медиҳад, ки клапан ҳамзамон бо кӯдак рушд кунад, хавфи ҷарроҳиҳои такрориро коҳиш медиҳад ва беморро аз истеъмоли якумраи баъзе доруҳо озод месозад.

«Барои ман ин ҳам дастоварди бузург ва ҳам масъулияти калон буд. Тиб дар Чин дар сатҳи хеле баланд қарор дорад ва кор кардан дар паҳлуи беҳтарин мутахассисони ҷаҳон як санҷиши ҷиддии касбӣ мебошад. Хушбахтона, ҳама чиз бомуваффақият анҷом ёфт»,- мегӯяд табиб.

Ба гуфтаи доктор Шарипов, таҷрибаи байналмилалӣ барои пайдо намудани роҳҳои муассиртарини табобати ҳар як бемор мусоидат мекунад ва имконият медиҳад, ки таҷрибаҳои беҳтарини кишварҳои гуногун бо ҳам омезиш дода шаванд. Ӯ бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон низ мутахассисони боистеъдоди зиёд фаъолият мекунанд, вале ҷомеа ҳанӯз онҳоро ба қадри кофӣ намешиносад.

«Мо табибони зиёде дорем, ки кори худро дар сатҳи хеле баланд иҷро мекунанд. Мутахассисони ҷавон дар солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва имрӯз дар бисёр ҳолатҳо барои гирифтани табобати босифат ба беморон дигар зарурате нест, ки ба хориҷи кишвар раванд»,- таъкид намуд ҷарроҳи дил.

Маҳз чунин саргузаштҳо яке аз арзишҳои асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар як варақаи иштирокчӣ солҳои таҳсил, садҳо бемор, ҳаётҳои наҷотёфта, дастовардҳои илмӣ ва эътирофи касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ қарор доранд.

Озмун ба сокинони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар бораи табибоне, ки ҳар рӯз дар беморхонаҳо ва марказҳои тиббии кишвар фаъолият мекунанд, маълумоти бештар гиранд ва ба табибони худ изҳори сипос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии техникии ҶДММ «Фазои имконот» баргузор мегардад.

Аз баргузории озмун инчунин ташкилоти FHI 360 ва ширкати маҳаллии ҶДММ «Тибтаҷҳизот» - яке аз таъминкунандаҳои пешбари таҷҳизоти тиббӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд. Шарикони иттилоотии озмун медиа-гурӯҳи «ОИЛА» ва «Азия-Плюс» мебошанд. Шарики эҷодии озмун агентии рекламавии JobaJo мебошад.

Шумо метавонед табиби худро дастгирӣ намуда, шарҳҳои худро дар сомонаи www.samt.tj гузоред.

#ТабибиСол2026
#СипосБаТабиб
#ВрачГода2026
#СпасибоВрачу
#Таджикистан

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД