arzon replenishment
Табобати камхунӣ бо меваю сабзавот
1014


Салом! Ман Мадина, ҷавонзани 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ва модари 2 фарзанд мебошам. Пас аз таваллуди фарзанди дуюмам ба бемории анемия -камхунӣ гирифтор шудам.

Аввалҳо ба ин касалӣ чандон аҳамият намедодам, вале ҳоло, ки боз ҳомиладор шудаам, ҳолам хеле бад шудааст. Тамоман қуввату мадор надорам, аз ҷоям бархезам, сарам чарх зада, пеши чашмонам сиёҳ мешаванд. Духтури занона маро хеле сарзаниш карда гуфт, ки бояд аввал камхуниатро табобат гирифта, баъд ҳомиладор мешудӣ, чунки ҳомила шудану таваллуд кардан барои зане, ки ба анемия гирифтор аст, хатарнок аст. Бо сабаби дуҷон буданам аз хӯрдани доруҳои ҳархела метарсам, барои ҳамин ба шумо муроҷиат намудам, ки шояд табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ ягон роҳу усули бехатари табобати ин бемориро ба ман маслиҳат медиҳанд.
Мадина, н. Шаҳринав.

Хоҳари азиз, Мадинабону! Аксари занҳои тоҷик ба камхунӣ гирифтор бошанд ҳам, мисли шумо ин бемориро ба қавли худашон “писанд накарда”, ба саломатии худ аҳамият намедиҳанд, ҳол он ки анемия барои зан, махсусан барои занҳои ҳомила хатарнок буда, ҳам ба саломатии зан ва ҳам ба тифли батнаш таъсири манфӣ мерасонад. Духтуратон рост гуфтааст, ки шумо бояд аввал табобат гирифта, баъд нақшаи боз фарзанд ба дунё оварданро мекашидед, вале мутаассифона, хонумҳои тоҷик то ба мушкилӣ дучор нашаванд, дар бораи саломатии худ умуман фикр намекунанд. Азбаски шумо ҳоло ҳомиладор ҳастед, ман танҳо баъзе меваю сабзавотҳои безарарро ба шумо тавсия дода метавонам.

Нусхаи аввал

Настаран (хуч) барои шахсоне, ки ба камхунӣ мубтало гаштаанд, беҳтарин давост. Агар фишори хунатон паст набошад, ҳар бегоҳ 3-4 қошуқ хучро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомада резад ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед то саҳар истад. Рӯзона ба ҷойи чой кам-кам ҳамин обро нӯшидан гиред, ҳолатон хеле беҳ гашта, худро бардам ҳис мекунед.

Нусхаи дигар

Беҳтарин даво барои шахсоне, ки ба анемия гирифтор ҳастанд, ин меваю сабзавоти тару тоза аст. Барои он ки таъсираш пурзӯр шавад, ним кило себ, ним кило сабзӣ ва ним кило лаблабуи сурхро аз меваҷабак ва ҳамин миқдор сабзиро аз мошинаи гӯштқимакунӣ ё меваҷабак гузаронед ва ҳамаашро ба як зарф андохта, ба ин шарбат як пиёлаи дигар асал илова намоед. Шарбатро нағзакак аралаш карда кобед ва ҳар рӯз 3 маротиба 20 дақиқа пеш аз хӯрок як қошуқӣ аз ин давои олиҷаноб нӯши ҷон кунед. Як моҳ бе таъхир аз ҳамин шарбат нӯшед, камхуниро ба пуррагӣ рафъ месозад.

                     Нусхаи сеюм
Ҷав ҳам барои одамони камхунӣ дошта даво аст. Як пиёла ҷавро нағзакак шуста, дар якуним литр об муддати 10-15 дақиқа ҷӯшонед ва ба он камтар асал илова намоед. Ҳар рӯз аз ин даво 2-3 маротиба як пиёлагӣ нӯшидан гиред, оҳиста-оҳиста анемияро нест мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД