sebiston july new
Табобати халқии инфексияи бачадон
3423

Салом! Ман зани 37-сола ва модари се фарзанд мебошам. Ростӣ, назди духтури занона танҳо вақте мерафтам, ки ҳомиладор бошам, чунки дигар ягон мушкилӣ надоштам, аммо вақтҳои охир худро чандон хуб эҳсос намекунам. Мане, ки чӣ будани “виделение”-ро намедонистам, вақтҳои охир тез-тез ба хоришак гирифтор мешавам. Мегӯянд, ки зан ё мард бадгашт бошад, албатта ба чунин иллатҳо мубтало мешавад, вале ман зани тарпоча нестам. Худо шоҳид аст, ки ба ғайр аз шавҳари никоҳиам то имрӯз дигар ягон мард дастамро надоштааст. Аз мардакам гумони бад бурда, ҷангу ҷанҷол кардам, ки ту бо ягон фоҳиша мегардӣ, аммо падари бачаҳоям қасам хӯрд, ки бо ягон зани дигар робита надорад. Мо дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунем ва ман имконияти ба назди духтур рафтан надорам. Илтимос, ягон роҳи осони аз “виделение” ва хоришак халос шуданро ба ман нишон диҳед.
Қурбоной, аз н. Мӯъминобод.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Хоҳари азиз, Қурбоной! Албатта беҳтар мешуд, ки шумо ба назди духтури занона рафта, аз ташхис гузаред, чунки танҳо баъди ташхиси ҳамаҷониба сарчашмаи бемориро муайян кардан мумкин аст. Табобат бидуни фаҳмидани решаи беморӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ надиҳад. Дар мавриди бадгаштӣ бошад, ҳаминро гуфтанием, ки пайдо шудани “виделение” ва хоришак нишонаи тарпо будани зан ва ё занбозии шавҳараш нест. Омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки боиси рафтани ташарруҳоти сафед аз маҳбал ва ба хоришаки узви ниҳонӣ гирифтор шудани зан мегарданд. Аксаран микробҳо аз тарафи маҳбал (вагина) ё органҳои ҳампаҳлӯ ба монанди гурда ва пешобдон ба бачадон мегузаранд. Системаи муҳофизатии ҷисми зан, яъне иммунитеташ суст, бар замми ин, худаш хастаю асабонӣ бошад, микробҳо ӯро ба осонӣ ба газаки бачадон мубтало месозанд. Имконияти назди духтури занона рафтан надошта бошед, метавонед бо кӯмаки ин усулҳои халқӣ аз хоришак ва ташарруҳоти сафед халосӣ ёбед.

Барои нест кардани “виделения”
Ду қошуқ барги дарахти чормағзро дар ним литр оби ҷӯш як соат дам партофта, сипас соф кунед ва ба василаи обдузд (груша) ба бачадон резед. Ин амалро то пурра нест шудани “виделения” давом додан лозим аст.


Барои табобати газаки бачадон
Миқдори баробари гиёҳҳои бӯймодарони маҳинбарг, барги зуф, гули говзабон, ҳамешабаҳор, бодранҷбуя, гулу барги газнаро нағзакак бо ҳамдигар омехта намоед ва 2 қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯш резеду монед ним соат истад. Пас аз ин гиёҳобро полонида, рӯзе се маротиба, ним соат пеш аз хӯрок 100 грамӣ бинӯшед. Асал андозед, боз беҳтар мешавад.

Барои халосӣ аз инфексия
Барои халосӣ аз инфексия ва бемориҳои бачадон бибию бибикалон ва модарони мову шумо аз зочи сафед, ки дар баъзе ҷойҳо онро замч ҳам мегӯянд, истифода мебурданд. Шумо ҳам метавонед аз ин давои бе мислу монанд истифода баред. Ҳамагӣ ним қошуқчаи чойхурӣ зочи сафедро дар ним истакон оби ҷӯшидагии ширгарм об карда, онро бо обдузд ба дохили бачадон пошед, тамоми микробро ба зудӣ мекушад. Мабодо чӣ будани замч ё зочи сафедро намедониста бошед, аз гиёҳфурӯшону атторон пурсед, ёфта медиҳанд.


Чою чаппотӣ нахӯред!
Дар баробари давоҳое, ки фармудем, шумо бояд ҳамчунин ба ғизои худ диққати махсус диҳед. Хӯрокҳои серкаллория хӯред. Ҳар рӯз ба дастурхонатон меваю сабзавот гузошта, ҷисми худро аз витаминҳо шодоб созед, он гоҳ микробу бемориҳо аз шумо мегурезанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД