sebiston july new
Табобати халқии сари кал
960

Чанд сол боз мӯйи сарам бошиддат мерехт, вале ман бепарвоӣ карда ба ин чандон аҳамият намедодам. Имсол ҷо- ҷойи мӯйи сарам рехта, кал шуда мондам. Ростӣ, аз сари калам сахт шарм медорам. Азбаски мо дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунем, имконияти назди табибони пӯст рафтанро надорам. Чанд маротиба дар сомонаи “Оила” аксу маслиҳатҳои табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоевро дида будам. Аз ҳамин хотир ман ҳам бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, ки шояд ин табиби машҳур ягон роҳи табобати сари калро мегӯяд.

З. С, хонандаи “Оила”

Рехтани мӯйи сар ё ба таъбири дигар бигӯем, калшавӣ ба беморӣ ва иллатҳои узвҳои дохилии инсон вобастагӣ дорад. Бо ҳамин роҳ ҷисм бонги изтироб мезанад, то ки соҳибаш аз паси табобат шавад.

Албатта, табиат худаш кони дармон аст ва дар қатори дигар бемориҳо иллати калшавиро низ бо воситаи гулу гиёҳҳо метавон даво кард, вале барои он ки табобат самари хуб диҳад, сарчашмаи асосии резиши мӯйи сар ва калшавиро пайдо кардан лозим аст.

Дар сурати решаи бемориро наёфта, таваккалан доруву дармон кардан, як муддат беҳбудӣ ҳосил шавад ҳам, баъди чанд вақт боз ба ҳамин мушкил рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Ба ҳар сурат банда чанд давои халқиро тавсия медиҳам, то санҷида бинанд.

Нусхаи аввал

Шахсоне, ки мушкили рехтани мӯй ва калшавӣ доранд, агар тӯли як моҳ ҳар рӯз решаи гиёҳи аирро ҷӯшонда, обашро ба сарашон моланд, ин гиёҳоби мӯъҷизанок пӯсти сарро шифо бахшида, барои аз нав баромадани мӯйи сар ёрӣ мерасонад.

Нусхаи дуюм

Барои табобати сари кал давои сегиёҳа тайёр кардан мумкин аст. Барои ин миқдори баробари гиёҳҳои сапали шутур (мать и мачеха) думи гов ва газнаро гирифта, омехта мекунед ва тахминан 30 грам аз ин гиёҳҳои омехтаро дар зарфе андохта аз болояш 1 литр оби ҷӯшидагӣ мерезед. Даҳони зарфро маҳкам карда монед як-ду соат истад, баъд онро полонда, як рӯз пас, баъди саршӯйӣ ба саратон мемолед.

Нусхаи сеюм

Боз як давои хеле содае ҳаст, ки барои сари кал ва резиши мӯй таъсири хеле хуб дорад. Ин даво барги дарахти шафтолӯ мебошад. Чанд дона барги шафтолуро гирифта, нағзакак шӯеду кӯбед, сипас онро ба ҳамон ҷойҳои саратон, ки мӯяш рехтааст, мисли малҳам ғафсакак молед. Аз болояш селофан гузошта, бо рӯймол маҳкам баста хоб равед. Ин амалро чанд шаб такрор кунед, натиҷаашро мебинед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД