sebiston july new
Таҳдиди ҲОНТОВИРУСи чинӣ ба дунё
2440

Дар баробари паҳн шудани коронавирус дар тамомии дунё, дар Чин вируси наве бо номи “Ҳонтовирус” ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои расонаҳо вируси навпайдошуда аллакай боиси марги як марди чинӣ гардид.

Расонаи иттилоотии «Газета Кемерово» (https://gazeta.a42.ru/) то кадом андоза хатарнок будани ин вирусро шарҳ дод. Ба иттилои онҳо ҳонтовирусро аввалин бор соли 1978 кашф карда буданд. Он ба монанди вируси корона ба бемориҳои роҳи нафас тааллуқ дошта, мушкилии ҷиддиеро дар системаи нафаскашӣ ба вуҷуд меорад, ки ин ниҳоят ба марг оварда мерасонад. Нафари гирифтор ба ин вирус дар аввал табларзаи геморрагикиро аз сар мегузаронад. Баъдан гурдаҳояш функсияи худро гум карда, оҳиста - оҳиста аз кор мебароянд. Ин боиси марги шахси сироятшуда мегардад.

Одатан, интиқолдиҳандагони ҳонтовирус хояндаҳо мебошанд ва ба одамон тавассути нешзанӣ ё иртибот бо пешоб сироят мекунанд. Ғайр аз ин, ба гуфтаи табибон, аксари одамон баъди истеъмоли гӯшти хояндаҳо (махсусан муш ва кӯршабпарак) ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Аммо, бар хилофи COVID-19, тавассути нафаскашӣ сироят ёфтан ба ин беморӣ ғайриимкон аст. То ҳол ҳеҷ гуна ҳолати сироятёбии як шахс аз шахси дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки ҳонтовирус бештар дар минтақаҳои гарм паҳн мешавад. Аммо, дар Русия, ки иқлимаш хунук аст, ин беморӣ 70 сол қабл ба қайд гирифта шуда буд. Вируси нав бемории нодир дар кишварҳои муътадил аст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳар сол тақрибан 30 ҳолати сироятшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта мешавад.

 


ХУШХАБАР: ТАБИБОНИ ЧИН ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРДАНД


 

Эҳтимолияти марг аз ин вирус ба 40 фоиз мерасад. Ҳатто фавти одамони гирифтор ба вараҷаи геморрагии Корея, ки дар Осиёву Аврупо бештар маъмул аст, нисбати ҳонтовирус камтар аст ва ҳамагӣ 15 фоизро ташкил медиҳад. Табибон бар он назаранд, ки агар шахс дастони бо ифлосии муш олудашударо ба даҳон занад эҳтимоли ба ҳонтовирус гирифтор шудан сад дар сад пайдо мешавад.

Соли 2017 вируси нав ҳонто дар Канада пайдо шуда, ҷони 17 нафарро рабуд. Ҳамзамон, дар Чин ҳамасола аз 15 то 100 ҳазор нафар ба ин беморӣ мубтало мешаванд. Мувофиқи маълумоти Маркази назорати пешгирии бемориҳо дар Чин, аксари одамони сироятёфта бо шикоят аз табларза, хунравӣ ва осеби гурдаҳо муроҷиат мекунанд. Аз соли 2008, Хитой барномаи эмгузаронии ҳонтовирусро дар минтақаҳои интихобшуда ва дорои хавфи баланд ҷорӣ кардааст.

Эҳтиёткорӣ аз чораҳоест, ки барои сирояти шадиди вирусии респираторӣ тавсия дода мешавад. Ин гигиенаи шахсӣ ва истифодаи таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ мебошад, агар дар ҳуҷраи шумо хояндаҳо вуҷуд дошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД