arzon replenishment
Тахмина Раҷабоваро ба КАРАНТИН бурданд. Чаро?
6527


Таҳмина Раҷабова, собиқ наттоқи ТВ "Сафина" ва ҳунарпешаи нотакрори синамои тоҷик, шаб дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст, ки бо як парвози махсус рӯзи 23 март аз шаҳри Маскав ба Тоҷикистон баргашт ва барои ду ҳафта дар осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" таҳти карантин қарор дорад.

Таҳмина бо забони русӣ навишта буд, ки барои таҳсил дар Донишкадаи синамо (ВГИК) дар Маскав қарор дошт, вале бинобар "Коронавирус" дарсҳоро дар донишггоҳ қатъ карданду ӯ ҳам маҷбур шуд, ки ба Тоҷикистон баргардад.
Барои фаҳмидани асли воқеъа хабарнигори Oila.tj Шабнам Тоҳирӣ барои фаҳмидани асли воқеа ба Тахмина Раҷабова занг зад.
«Шароитамон хуб аст. Табибон ҳар рӯз ду маротиба бо тепловизор ҳарорати моро месанҷанд. Албатта, агар дар хона мебудем, беҳтар буд, вале маълум аст, ки ин барои наздикони худи мо хатарнок аст. Дар ин шароит мо бояд сабрро пеша кунем, ба табибон гӯш диҳем ва чораҳои андешидашударо бипазирем. Ҳамааш хуб мешавад! Мо аз ӯҳдааш мебароем!» - гуфт дар сӯҳбати кутоҳи телфонӣ, бону Тахмина.


ХОРУҒ: 11 ДОНИШҶӮЮ 3 РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР КАРАНТИН


Ёдовар бояд шуд, ки ҳамаи мусофироне,ки бо ҳавопаймо бо ҳамроҳии Таҳмина Раҷабова ба ватан баргаштанд, таҳти карантин қарор доранд.

Коронавирус охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин пайдо шуд. Наздики 400 ҳазор аҳолии сайёра олудаи ин вабо гашта, ҷони тақрибан 20 ҳазор нафарро аз байн бурдааст.
Ғайр аз ин Чин аз пайдоиши боз як вируси нав бо номи "Хантавирус" хабар дод, ки он аз муш ба инсон сироят ёфта, то имрӯз ҷони як нафарро рабудааст. 

Рӯзҳои наздик сӯҳбати Тахмина Раҷабоваро бо хабарнигори Оила интизор бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД