Arzon march 2024
ТВ-Сафина бе Таҳмина монд
01.08.2019
Р. Азимӣ
9285

Аз “ТВ-Сафина” рафтани наттоқи беҳамто ва актрисаи шинохта Таҳмина Раҷабова, ки барандаи бахши русии барномаи”Навид” буд, боиси пайдо шудани сару садоҳои зиёде гашт.

Мардум байни худ миш-миш мекарданд, ки оши Таҳмина бо роҳбарияти ТВ Сафина напухтааст ва ӯро аз кор рондаанд, аммо ин наттоқи шинохта, тамоми овозаҳоро рад карда, чунин гуфтааст:
“Сабаби аз кор рафтанам ба ДДКР-и шаҳри Маскав дохил шуданам мебошад. Акнун таҳсил ва зиндагии ман аз саҳифаи нав дар шаҳри Маскав оғоз мешавад. Имрӯз рӯзи охирини кории ман дар “Телевизиони Сафина” аст. Ба ин даргоҳи бузург, ки чӣ қадар истеъдодҳо баромаданду ба қуллаҳои бузург расиданд, раҳмат гуфтанӣ ҳастам... ”
Аз гуфтаҳои Таҳмина Раҷабова чунин бармеояд, ки ин бонуи ҳунарманд худро дар ҷодаи коргардонӣ санҷидан мехоҳад. Бо ҳамин ният Раҷабова ба факултаи коргардони телевизион ва кинои Донишкадаи кинематографияи ба номи Сергей Геросимови шаҳри Маскав дохил шудааст. Аз ин пас Таҳмина Раҷабова ҳангоми писари ягонааш, ки меваи ишқи ӯст, дар пойтахти Русия кор ва зиндагӣ хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки ин бонуи ҳунар 37 сола буда, 29-уми июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи иқтисодчӣ ба дунё омадааст. Таҳмина хатмкардаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон аст, аммо меҳри беандоааш нисбат ба телевизион ва театру кино ӯро ба ҷодаи фарҳанг овард. Муддати 13 сол Таҳмина Раҷабова дар ТВ-Сафина кор карда, ҳамзамон дар 20 филми тоҷикӣ ва ду филми синамогарони афғон образҳои ҷолиб ва хотирмон бозидааст. Нақши дар филми “Марде дар орзуи зани панҷум” офаридааш ин актриссаи тоҷик соли 2013 дар 44-умин Ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳиндустон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардонд.
Акнун ин хонуми қашанбу зебо мехоҳад маҳорати худро ҳамчун коргадон санҷида филмҳое ба навор бигирад, ки кинои тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шуҳратманд гардонанд.

Мо ба Таҳмина Раҷабова парвозҳои нав ба нави эҷодиро хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(11)
Бунафша 2019-08-01, 20:37
Хохари азиз хар кучое боши Худованд нигахбонат бошад.
Посух
Шеф Олимов 2019-08-01, 22:04
Авал зик мешай дар Масквабод,Бад омухта мешай,инча смш нештяк перспектива хаст, агар кадут нагз коркна
Посух
Сами 2019-08-01, 23:40
ҳамин матнро бе хато бинависи намешавад?
Посух
Хостаҳо.тҷ 2019-08-01, 23:46
Ба номи Худо ма гиря кардм барои рафтани Таҳмина. Ҳамиқа одами созш монда буд, ки он ҳам рафт. Як вақиҳо барномаҳои тв Сафина пурҷушу хуруш мерафт. Орзу буд, Дилафрузу Насибаву Талабшоҳ буд, Таҳминаву Фаррух афсус ҳама рафт телевизион мисли як бинои вайрона шуд. Аммо дигар оне, ки пеш буд ҳамон тавр шуда наметавонад. Хеле дардовар аст....
Посух
Холова Чамангул Исмоилована 2019-08-01, 23:50
Чамангул Холова Рости гапа гуям ман тахминая нагз медидам вай рафтос ман дилам ба суз меояд бехтарин журналист буд дар тиливизиони сафина ранги ин нест дигар пайдо намешад духтари хушру
Посух
Амонуллох 2019-08-02, 00:14
Бароят бехтарин хушихои зиндаги ва фатхи баландтарин куллахои касби интихобкардаатро хохонем.
Посух
Фурқат 2019-08-02, 01:23
37 сола донишҷӯ...? Дар ин сину сол коргардон ва ё ҳунармандро дунё мешиносад ва корҳои мондагорашон ҳамаро тасхир месозад. Ба андешаам муваффақ нахоҳад шуд.
Посух
Шукрия 2019-08-02, 08:05
Як марди хамкорамон дар яке аз муассисахои пойтахт кор мекардем исмашро наменависам чунон бону Тахминаро дуст медоштан дуру дароз расмашро нигох макарданд ва хаммаи ахбору баромадхояшро тарики инет ва телевизион нигох мекардан. Барои ман ин рафтор хайратовар буд??
Посух
рахмон зиеев 2019-08-02, 08:14
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД. ба. шумо. бурдборихо. хохонам.
Посух
Нозанин 2019-08-02, 18:46
Беҳтарин бону аст!
Посух
Камол конт 2019-10-08, 22:17
Соро хам зурай Англичанам зурай мембрм барои англичан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД