sebiston july new
Таҷлил Рӯзи театри тоҷик дар Театри Лоҳутӣ
2133

Дирӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, роҳбарону кормандони театрҳо, намояндагони ВАО ва мухлисони чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Сараввал меҳмононро бо мусиқӣ пешвоз гирифта, барои онҳо дастовардҳои театрро намоиш доданд. Баъдан ҳунарпешаи маҳбуб Ортиқи Қодир чорабиниро оғоз карда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, суханро ба Вазири фарҳанг дод.

Зулфия Давлатзода тамоми ҳунармандон ва дӯстдорони ҳунари волои театрро бо фарорасии ин ҷашни пуршукуҳ самимона табрик намуда, даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро давраи пешрафт ва густариши театри тоҷик унвон кард.

«Воқеан дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 театри нав, таъсис дода шуданд ва алҳол шумораи умумии театрҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ 18-то мебошанд. Албатта санъати театрии мамлакат ба бисёр муваффақиятҳо ноил шудааст, ки ҳамаи онҳоро дар як баромади кӯтоҳ зикр кардан ғайриимкон аст. Ин ҳама пешравиҳову бурдбориҳо бевосита аз дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Театр ҳунари андешасоз аст, ки дар қалби фарҳанги ҳар як миллат ҷой дорад. Он оинаи таърих ва имрӯзи мост ва театр руҳи зиндагӣ дар инсон аст», - гуфт вазир.

Давлатзода сипас як қатор ҳунармандон ва кормандони театрҳои кишварро бо унвонҳои баланд ва диплому сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Баъди суханронии расмӣ дар идома чанд театрҳо порчаҳои ҷолибу рангорангро аз намоишномаҳои театрӣ манзури тамошобинон карданд. Дар ин чорабинӣ як гуруҳ навозандагони доира ва раққон низ бо иштироки худ хотири тамошобинонро шод карданд.

Дар охир роҳбари театр бо ҳамовозии ҳунармадон як суруд дар васфи театр хонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД