goodwell
Таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Кӯлоб
06.10.2026
Oila.tj
148

5-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат мардуми шаҳри Кӯлобро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ - соҳиб шудан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи мардуми Тоҷикистон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, кишвар ба роҳи пешрафт ворид гардид ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯи шоиста шуд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Он аз суруду рақсҳои дилнишин ва намоиши рангини театрикунонидашуда иборат буд.

Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб аз эҷодиёти шоирону оҳангсозони шинохта сурудҳо иҷро карданд. Дар барномаи фарҳангӣ мавзуҳои Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ, Пешвои миллат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ инъикос ёфтанд.

Барномаи фарҳангӣ бо иҷроҳои пурмазмуну ҷолиб ва намоишҳои саҳнавӣ идомаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД