formula
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023” маҳсулоти арзону босифат пешниҳод мекунад
1887

Аз 2-юм то 4-уми ноябр дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023” дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад.

Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 25 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

 

Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Он дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад.

Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.


Имсол низ тамғаҳои интихобшуда аз ҳисоби корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор, истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоишгоҳ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд.

Давоми 3 рӯз шаҳрвандону меҳмонони мамлакат имкон доранд, ки аз намоишгоҳ маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонии дилхоҳашонро бо нархҳои дастрас пайдо намоянд. Даромад озод аст.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии “Тайрон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оила” соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

Ба иттилои роҳбари лоиҳа, директори Ширкати “Тайрон” Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта ва доираи тиҷорату хизматрасониҳояшон васеъ гардид.

“Ин ширкатҳо таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ин ба ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд”, — гуфт Шаҳноз Ҳамдамова зимни суҳбат бо Oila.tj.

Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД