arzon replenishment
ТАҲМИНА РАҶАБОВА: ИЗДИВОҶИ ДУВУМ МАРО ХУШБАХТ КАРД!
2599

 

Таҳмина Раҷабова, наттоқ ва ҳунарпешаи 38-солаи тоҷик дар мусоҳибаи ҷадиде аз кору зиндагӣ ва нақшаҳои ояндааш қисса кард. Таҳмина дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев қайд намуд, ки 9-сол мешавад оиладор ва бо шавҳари дуюмаш хушбахт аст.

“18-сола будам, ки маро бо писари амакам оиладор карданд. Модарам хонаводаи худӣ гуфта, розӣ шуданд. Аввал ин ки хеле ҷавон будем, баъдан миёни мо ишқ вуҷуд надошт. Инчунин, буданд нафароне, ки ба зиндагии мо дахолат мекарданд, вале ман ҳамаашонро бахшидам. Танҳо шавҳарамро гунаҳкор намекунам, айби ман ҳам ҳаст. Хулоса, се сол зиндагӣ кардем ва писарам Муҳаммадҷовид ба дунё омаду мо ҷудо шудем”,-нақл мекунад, Раҷабова. Ӯ илова намуд, ки баъди аз писари амакаш ҷудо шудан, Худованд шириниҳои зиндагиро пайи ҳам насибаш гардонид ва то ҳол зиндагии орому осода дорад. “Шавҳарам бисёр инсони сахӣ, нексиришт, пеш аз ҳама мӯъмину мусулмон ва ба маънои томаш мард аст.

Ин қадар барои ман хубиҳо кардааст, ки хеле дӯсташ медорам. Нӯҳ сол мешавад, ки зиндагии якҷоя дорем ва ӯ маро хушбахт карда тавонист”,-ҳунарпеша аз шавҳари дувумаш ёдовар мешавад. Ӯ афзуд, ки аз издивоҷи дувумаш то ҳол фарзанд надорад, зеро сабти филмҳо ва таҳсил дар донишгоҳ барои таваллуди фарзанд монеа эҷод мекунанд. Ният дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ба Муҳаммадҷовид хоҳарак ё додараке ҳадя кунад.

Ҳоло дар бахши магистратураи Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи Маскав таҳсил дорад ва бинобар хуруҷи коронавирусу баста шудани донишгоҳ, моҳи марти имсол ба Душанбе баргашт. Интизор аст, ки роҳҳо боз шаванду таҳсилашро идома дода, соҳиби дипломи коргардонӣ шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД