Arzon march 2024
Тамошои Душанбеву Ҳисор идома дорад
1590

Маросими ифтитоҳи чор хатсайри сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата шоми 24-уми май баргузор гардид ва фаъолияти хатсайрҳо то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад.

Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа - «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб гардидаанд.

Шоми 1-уми июн бахшида ба Рӯзи ҳимояи кӯдакон як гурӯҳ сайёҳон бо автобуси дуошёна ба тамошои шаҳри Душанбе бо роҳбалад, ки бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ ҳама ҷоро муаррифӣ мекунад ва сарояндагон баромаданд.

Рӯзи 2-юми июн бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “Somontravel” хатсайр соати 9:00 аз назди Театри опера ва балети шаҳри Душанбе ба роҳ баромада, ба шаҳри Ҳисор равона шуд. Дар ин хатсайр як гурӯҳ сайёҳон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин гурӯҳи кӯдакон ҳузур доштанд. То баромадгоҳи шаҳри Душанбе роҳбалад ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва манзараҳои дилрабои шаҳри Душанберо муаррифӣ намуд.

Баъди баромадан аз шаҳр сарояндагон то шаҳри Ҳисор суруд хонданду сайёҳон зери навои сурудҳои ҷаззобу шунидани рақсу шодикунон роҳро идома доданд.

Пас аз расидан ба Қаълаи Ҳисор роҳбалад муаррифиро аз осорхона оғоз карда, тамоми ҷойҳои ин қалъаи таърихиро ба сайёҳон шарҳ дод. Баъди муаррифӣ сайёҳон аксҳои хотиравӣ гирифтанд ва пас аз тамошо хатсайр дубора ба шаҳри Душанбе раҳсипор гашт.

Аз оғози ба роҳ баромадан то шаҳри Душанбе ҳофизон бо сурудҳои худ хотири сайёҳонро болида гардониданд.

Ҳамзамон шоми 2-юми июн боз як хатсайри дигар дар дохили шаҳри Душанбе бо сайёҳон ва роҳбаладу ҳофизон ба тамошо баромад.

Ин хатсайрҳо то моҳи октябр ҳар ҳафта шоми рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар дохили шаҳри Душанбе ва субҳ соати 9:00 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҳисор идома хоҳад дошт.

Хоҳишмандон метавонанд бо онҳо ҳамроҳ шуда, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва зебои Тоҷикистонро дидан намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД