Arzon march 2024
 ТАЪНАСОРИ МАРДУМ ГАШТАМ, ВАЛЕ...
4169

Зиндагиям маҷрои тоза ёфтаву аламу дард ва азобҳои гузаштаамро оҳиста-оҳиста вақт зудуда менамуд, вале нисфирӯзие писари калонам –Хуршед бо падари хуниаш, ки болоӣ аробачаи маъюбӣ қарор дошт, аз дарвозаи ҳавлӣ ворид шуду  ҳамаи дардҳои ботиниам аз нав рӯ зад. Зеро  аз нав рӯ ба рӯ шуданам бо шавҳари собиқам-Зокир,  дар ҳавлии худам намедонистам, ки чӣ оқубатҳоеро ба бор меорад. Вале ӯро аз хонаам пеш карда ҳам наметавонистам.

Охир ӯ падари се фарзанди ман буду бо вуҷуди ҳамаи хиёнату носипосиҳояш ба ману се фарзандам ман наметавонистам ӯро дар чунин ҳолати дармондагӣ ҳаволаи тақдир намоям. Хоса, вақте ки писарам ӯро гирифта оварда буду ман медонистам, ки ғайр аз мо дигар касе надорад. Ба Зокири сархами болои аробачаи маъюбӣ нишаста нигаристаму хаёлам ба гузаштаи начандон дур парвозӣ гашт...

    Дар яке аз деҳаҳои атрофи шаҳр зиндагӣ мекардем. Дар оила фарзанди яккаву ягона будам. Модарам пеш аз ману баъди ман панҷ фарзанд  таваллуд карда бошад ҳам, вале ягонтои онҳо зинда намондаанд. Волидайн маро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамуданд, то бегазанд ба камол расам.

Кӯшиш менамуданд, ки ҳар як сухани аз даҳонам баромада бечуну чаро иҷро шавад. Мабодо бемор мешудам, мисли мурғи пойсӯхта худро ба чор тараф ба қавле мезаданд, то бароям зудтар шифо пайдо намоянд. Дарди ман дар танам буд, лекин онҳо дарди маро дар дилу ҷон эҳсос менамуданд. Ҳамин тавр ман бо ҳазор нозу нуз ва эркагиҳо ба воя расидаму баъди хатми мактаби миёна, қарор додам, ки таҳсиламро дар ягон донишкадаи олӣ давом медиҳам. Аммо бахтам омад накард. Аз имтиҳони дуюми донишкада нагузаштам. Ашки чашмонам рӯямро мешӯст. Падарам ашки маро дида, назди ректори донишкада даромаду намедонам чӣ гуфту чӣ монд, ки маро ба донишкада қабул карданд. Аз ман дида, хушбахтар кас дар олам он замон вуҷуд надошт.Охир донишҷӯ гашта, ба орзуи дили хеш расида будам. Се моҳи хониш зуд гузашт. Пӯшида нест, ки айёми донишҷӯӣ писарон ба духтарон гаппаронӣ карда, барои хеш маҳбуба интихоб мекунанду паймони муҳаббат мебанданд ва агар тақдир рафта бошад бисёрии ин ошиқу маъшуқон оиладор мешаванду соҳиби фарзандони нозанин...

   Зокир ду курс аз мо боло таҳсил мекард. Ӯ аз моҳи аввали таҳсил ба ман гаппаронӣ карда, ошиқ гаштанашро бароям пинҳон намедошт. Қаду қомати расо ва чашму абрӯи сиёҳаш ба ман ҳам писанд омада буд. Аммо кӯшиш мекардам, ки худро ба даст гираму зуд фирефтаи ишқу муҳаббати вай нагардам. Вале истодагариҳои Зокирро таҳаммул карда натавонистаму билохира ба номаҳои ишқияш, ки як ғарам шуда буд, ҷавоби мусбат додам. Мо ҳарду хушбахт будем. Ӯро ба хонаамон бурда бо падару модарам шинос кардам. Зокир, ки дар хонаи бачагон тарбият ёфтаву аз меҳру муҳаббати волидайн бенасиб монда буд, дар симои волидайни ман падару модари худро ёфт. Падару модарам ҳам вайро чун фарзанди худ қабул карданду пайваста дуогӯи хушбахтии мо буданд.  Ҳама ба ишқу муҳаббати мо бо чашми меҳру шавқ нигоҳ мекард. Моро “Лайливу Маҷнуни асри бист”-меномиданд. Оре, ишқамон воқеъан ҳам ишқи ҳақиқӣ буд. Ишқе буд, ки дар он ҳавову ҳаваси ноҷо ҷой надошт.

  Вақте ки Зокир донишкадаро хатм карду ман ба курси сеюм гузаштам, мо оиладор шудем. Зиндагиямон афсонаро мемонд. Афсонаи сеҳрангезро. Тавлиди се фарзандамон –Хуршеду Гулчеҳра ва Анӯшервон ин зиндагиро дучандон зебо гардонд. Ман ҳам дар ин муддат донишкадаро хатм карда дар мактаби деҳаамон муаллимагӣ мекардам. Мо дар хонаи волидайни ман зиндагӣ мекардему падару модарам дар ҳама кор ёвару мададрасонамон буданд. Зокир дар шаҳр кор мекард. Аввалҳо барои аз хонаи мо ба кор рафтану омаданаш монеъае вуҷуд надошт. Аммо як сол зимистон сард омаду ӯ бо ҳамин баҳона дар шаҳр хонаеро ба иҷора гирифт. Акнун ману фарзандонам ӯро дар як ҳафта ҳамаги ду рӯз-рӯзҳои шанбею якшанбе медидему халос. Дар феълу атвори шавҳар дигаргуниҳои зиёдеро пайхас мекардам. Зокир бо ман муносибаташ сард  гашта буд. Ба кӯдаконам ҳам он қадар диққат намедод. Мабодо сабаб пурсам, мондашавию вазнинии корашро баҳона пеш оварда, кӯшиш мекард, ки аз сӯҳбат гурезад..
    Рӯзе дар мактаб будам, ки Хуршедам ба наздам омаду хабар дод, ки ба хонаамон як занак омадасту модарам гуфтааст, ки зуд расида биёям. Дар дилам оташ афтод. Намедонам, аз чӣ бошад, ки зуд дарк кардам, ки омадани ин зан ба Зокир алоқамандие дорад.
 Ба хонаамон омада зани рангуборкардаеро, ки бо модарам баланд-баланд ҳарф мезаду Зокир-Зокир мекард,  дидаму амиқ дарк кардам, ки вай бо Зокир рабт дорад.
  -Духтарам омадӣ. Ин занак пеши ту омадааст,-маро дида гуфт модараму вазнин аз ҷой хеста ба хонаи дарун даромад, то ки ашкрезиашро набинам. Вале ашки чашмонашро бо нӯги  рӯмол пок карданаш аз чашмам пинҳон намонд.
 -Ману Зокир якдигарро дӯст медорем. Никоҳ ҳам дорем. Имрӯз, пагоҳ фарзандор мешавем,-бе ягон салому аллейк бо ман сухан сар кард меҳмони нохондаамон.
  Забонам лол, чизе гуфта наметавонистам. Гӯшҳоям ҳам қулф заданд. Зокир-Зокир...Наход баъди ин қадар меҳру муҳаббат ва зиндагии хуб ба ман хиёнат кунад,-меандешидам худ ба худу чашмамро аз рӯи зан канда наметавонистам.
  -Сага базӯр шикор бурда намешад. Шумо ҳам наметавонед базӯр Зокира дореду зиндагӣ кунед. Манам одам. Фикри се фарзанди шумоя мекунам. Зокир алюмент фиристода меистад. Аз сару либосу  хӯрокашонам бохабар мешад...

( Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД