Arzon march 2024
Тағоям сағераҳоро бехонумон карданист
04.02.2022
ОИЛА
2880


Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ
Ман, як духтари бе падар мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам, чунки дигар ягон шахси маслиҳатгар надорем.


Падарам се сол пеш дар садамаи нақлиётӣ вафот карду модари бечораам бо 5 фарзанд байни замину осмон танҳову бе муттако монд. Азбаски савод ва касбу ҳунар надошт, баъди сари падарам модари бечораам ба хотири хӯрондану пӯшондани мо канизи дари мардум шуда монд. Ба хотири як пора нон ва чор сум пул дар тӯю маъракаҳо ғарам-ғарам косаву табақ мешуст, дар хонаи одамони бою бадавлат хизматгорӣ мекард, дар чиллаи зимистону офтоби сӯзони тобистон гилему палосҳои дигаронро мурда-мурда мешуст, то ки ба мо ақаллан як пора нон ёфта диҳад.

Намедонам таъсири ҳамон корҳои вазнин ва гармою сармо буд ё ғаму дарди бевагӣ модарамро дарун ба дарун сӯхта тамом кард, ки оқибат ба бемории саратон гирифтор гашт. Модарам ба бистари беморӣ афтиду рӯзи сиёҳи мо сиёҳтар гашт. Тағоям гӯё ба хотири сабуктар кардани бори дӯши модарам апаи калониамро, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, ба як марди 50-сола зӯран ба шавҳар дод, апаи дуюмамро бошад, маҷбур кард, ки зани дуюми як марди дигари 40-сола шавад.

Бародарам ба хотири таъмини зиндагӣ ба Русия рафту ҳамагӣ се-чор бор пул равон карда бо ҳамин тамоман бедарак шуд, на занг мезанад ва на аз ӯ ягон хату хабар ҳаст. Мурда аст ё зинда касе намедонад. Акнун дар хона ман мондааму додарчаи хурдӣ ва модари беморам. Тағоям “як илоҷ карда туро ҳам ба шавҳар диҳам, ана баъд ин хонаро фурӯхта бо пулаш апаамро табобат мекунам” гуфта истодааст, вале ман медонам, ки мақсади ӯ тамоман чизи дигар аст. Табибон ошкоро гуфта буданд, ки дарди модарам даво надорад ва инро натанҳо тағоям, балки ҳама хешу табор медонанд. Тағоям мехоҳад бо баҳонаи табобати модарам манзили моро фурӯхта, пулро ба ҷайбаш занад, барои ҳамин маро аз сари роҳаш дур карданист, чунки додарчаам ҳанӯз хурдсол аст ва даъво карда наметавонад.Чизе, ки шахсан ман дар дунё аз ҳама бештар мехоҳам, ин шифо ёфтани очаҷонам аст, вале бовар надорам, ки ӯ дубора ба по мехеста бошад, аз ҳамин хотир гӯё дар байни обу оташ монда, чи кор карданамро намедонам. Ба тағоям гӯям, ки хонаи моро нафурӯшед, шояд дар ҳама ҷо оваза кунад, ки ин духтар сиҳат шудани модарашро намехоҳад, ҳарчи бодо бод гуфта, ба фурӯхтани хона розӣ шаваму табобат самар надиҳад, он гоҳ дар кӯча мемонем ва як дардамон сад дард мешавад. Дилам аз ҳама бештар ба додарчаам месӯзад. Дар ин замонаи душвор, ки ба қавли пиронсолон “гурба дар дари хонаи мардум ҷой намеёбад”бе хонаву бехонумон шавем, моро кӣ ба дараш роҳ медиҳад гуфта ба ғам печидаам. Албатта ман, ки духтар ҳастам, шояд оиладор шуда, сарамро паноҳ кунам, вале додарчаам ба куҷо меравам? Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Ба фурӯхани хона рзигӣ диҳам ё дар рӯйи тағоям ошкоро бигӯям, ки ба хонаву дари мо кордор нашавад?
Г. С, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Коми 2023-05-03, 11:00
Хечвакт нагузоред ки хонаатонро гиранд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Коми 2023-05-03, 11:00
Хечвакт нагузоред ки хонаатонро гиранд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД