sebiston july new
Тарбуз дар хоб чӣ таъбир дорад?
4176

Чанд шаб боз тарбуз хоб мебинам. Гоҳ ҳамроҳи аҳли оила нишаста, тарбуз мехӯрем. Гоҳи дигар хоб мебинам, ки аз бозор тарбуз харида истодаам, ё тарбуз реза дорам. Ростӣ, аз хобҳои дидаам хандаам меояд, чунки ман аслан тарбузро дӯст намедорам. Мегуфтед, ки тарбуз дар хоб чӣ таъбир дорад?

Зарафо, н. Шаҳринав

Хоҳари азиз, тавре ки дар хобномаҳои исломӣ омадааст, тарбуз дар хоби намояндагони ҷинси латиф фоли нек аст. Духтари муҷаррад тарбуз хоб бинад,бахташ кушода шуда, ба зудӣ ба шавҳар мебарояд. Дар хоби зани шавҳардор тарбуз хушхабар буда, ба он ишорат мекунад, ки ин зан ба зудӣ ҳомиладор гашта, соҳиби фарзанд хоҳад гашт.

Хоб бинед, ки тарбуз хӯрда истода, дастони худро сӯйи само бардоштаед, орзуятон амалӣ гашта, чизеро, ки кайҳо боз ба даст овардан мехостед, соҳиб мешавед.

Тарбузи сабз дар хоб рамзи афзун гаштани файзу баракати зиндагии шахси хобдида мебошад, аммо тарбузи зард дар хоб чандон хуб нест. Хоб бинед, ки тарбуз харидаед, вале ранги он ё донакаш зард аст, бемор мешавед ё ба саратон ягон мушкили сахт омада, азоб мекашед.

Кас агар хоб бинад, ки манзилаш пур аз тарбузи зард аст, эҳтимол касе аз наздиконаш аз олам гузашта, он хона мотамзада гардад. Аммо шахси бемор хоб бинад, ки тарбузи суп-сурхеро кушта, бо шавқу ҳавас хӯрда истодааст, аз азобу ранҷи беморӣ раҳоӣ ёфта, сиҳат мешавад.
Дар хоби мардон низ тарбуз чандон хуб нест.

Марде, ки тарбуз хоб мебинад, пеш аз даст задани ба корҳои муҳим бояд бори дигар нақшаву ниятҳои худро дар тарозуи ақл баркашад, ки оё аз ин кор фоида мегирад ё не?

Палаки тарбузро хоб дидан бисёр хуб аст. Хоб бинед, ки дар боғчаатон тарбуз коштед ва замин пур аз тарбузҳои сабзи пухтарасида аст, ягон хабари хуш мешунавед ва корҳои шумо омад карда, пулу даромади калон ба даст меореду зиндагиатон пур аз файзу баракат мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Омина 2023-09-30, 20:47
Касе ба мо тарбузи зебои бурда хадя овард. Чи таъбир дорад?
Посух
Омина 2023-09-30, 20:48
Ман дар хоб муаллимаи ибтидоиамро дидам. Чи таъбир дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Омина 2023-09-30, 20:47
Касе ба мо тарбузи зебои бурда хадя овард. Чи таъбир дорад?
Посух
Омина 2023-09-30, 20:48
Ман дар хоб муаллимаи ибтидоиамро дидам. Чи таъбир дорад?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД