sebiston july new
Тарма ҷони 9 касро рабуду...
401

 

Бар асари тармарезиҳо дар роҳи Душанбе-Варзоб чор мошини сабукрав зери тарма монда, ронандаи яке аз ин мошинҳо ба ҳалок расиду дигар ронандагону мусофирони мошинҳо аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот дода шудаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон як нафар зери тарма монда ҷон бохтаст. Ҳамчунин, бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ писар ва духтари чорсола, чор зан ба ҳалокат расидаанд.  

Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023  нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд. Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон , чор хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардид.

Тавре Кумита хабар додааст, дар Хоруғ корҳои наҷот ва рафъи паёмадҳои тарма идома дорад ва ба минтақаҳои пурхатари тармахез гурӯҳҳои иловагии наҷот фиристода шудааст. 

КҲФ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД