Бозиҳои даври 11-уми Лигаи олии Тоҷикистон, ки қаблан барои рӯзҳои 30-юми май то 2-юми июн ба нақша гирифта шуда буданд, бо қарори Лигаи футболи Тоҷикистон ба рӯзҳои 25-ум то 28-уми апрел гузаронида мешаванд.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба Лигаи футболи Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки ин тағйирот бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои омодагии беҳтари мунтахаби Тоҷикистон ба бозии даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи Филиппин роҳандозӣ шудааст.
Бозиҳои даври 11-уми Лигаи олӣ
25-уми апрел |16:30
“Хуҷанд” - “Барқчӣ”
26-уми апрел |16:30
“Эсхата” - “Истиқлол”
26-уми апрел |18:00
“Равшан” - “Ҳулбук”
27-уми апрел |16:30
“Истаравшан” - “Вахш”
27-уми апрел |18:00
“Регар-ТадАЗ” - КМВА
“Ҳосилот” - “Панҷшер”