Arzon march 2024
Технологияи муосири ташхису табобат барои сокинон
380

Бинои нави Беморхонаи минтақавӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар иттилоъ дод.

Корҳои бунёдӣ моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд.

Имрӯз аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ин беморхона расман ифтитоҳ гардид. Муассисаи мазкур аз 2 ошёна ва таҳхона ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои шуъбаи қабул, шуъбаҳои таваллуд, озмоишгоҳҳо, шуъбаҳои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона мебошад, ки дар шароити хубу фаъолият ва хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Шумораи кормандони беморхона аз 35 нафар ба 80 нафар ва қабули беморон ба 100 нафар расид, кати хоб 45 адад мебошад.

Ҳамчунин, даастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Урметан муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД