Дар ҷаҳони мусиқии муосири форсизабон ангуштшумор сарояндаеро метавон ном бурд, ки тавониста бошад дар як вақт, ҳам дар Эрон, ҳам Тоҷикистону Афғонистон, ҳам дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва ҳам дар Аврупову Амрико маҳбубияти яксон касб намояд. Яке аз чунин чеҳраҳои ангуштшумор Мансур Ҷаъфарӣ аст, ки миллионҳо мухлисонаш ӯро бо номи Мансур мешиносанд. Мансурро дар Тоҷикистон дӯст медоранд, зеро ӯ борҳо ба кишвари мо омадааст ва эълон кардааст: Тоҷикистон ватани дувуми ман аст, ман ин кишварро дӯст медорам!
Кӯдаки айёми инқилоб
Мансур Ҷаъфарӣ Мамагонӣ 28 июли соли 1971 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Волидайни ӯ аз озаритаборони эронӣ буданд. Солҳои кӯдакии Мансур ба яке аз давраҳои пурошӯбтарини таърихи Эрон рост омаданд.
Вақте ӯ ҳанӯз кӯдак буд, дар кишвар инқилоби соли 1979 сар зад. Ҳукумати шоҳаншоҳӣ сарнагун гардид ва Ҷумҳурии Исломӣ рӯи кор омад. Ин рӯйдод сарнавишти миллионҳо эрониро тағйир дод. Бисёр хонаводаҳо кишварро тарк карданд ва оилаи Мансур низ аз ҷумлаи онҳо буд.
Баъди чанде ҷанги ҳаштсолаи Эрону Ироқ оғоз шуд. Дар чунин шароити ноором волидони Мансур тасмим гирифтанд, ки барои ояндаи фарзандонашон муҳоҷират кунанд.
Муҳоҷират барои ҳар як кӯдак озмоиши сахт аст. Гузаштан аз муҳити ошно ба ҷомеаи нав, аз забони модарӣ ба забони дигар ва аз фарҳанги худ ба фарҳанги бегона кори осон нест. Аммо маҳз ҳамин таҷриба баъдтар ба ташаккули шахсияти Мансур таъсири амиқ расонд.
Ӯ дар муҳите ба воя расид, ки ҳам фарҳанги эронӣ ва ҳам фарҳанги амрикоӣ дар он ҳузур доштанд. Вале дар муҳити хона забони форсӣ, расму оинҳои эронӣ ҳамеша ҳифз мешуд. Ҳамин аст, ки Мансур бо вуҷуди он ки дар Амрико ба воя расид, эронӣ боқӣ монд.
Меҳри мусиқӣ
Мансур аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ дил баст. Дар муҳити муҳоҷирони эронӣ ҳамеша мусиқии эронӣ садо медод. Муҳоҷирин дур аз Ватан тавассути сурудҳо як навъ хотираи ватани худро зинда нигоҳ медоштанд.
Дар шабнишиниҳо, ҷашнҳо ва ҷамъомадҳои эрониёни муқими Амрико ҳамеша мусиқӣ садо медод. Мансур ин сурудҳоро мешунид ва тадриҷан ба ҷаҳони мусиқӣ ворид мешуд.
Дар мактаб низ истеъдоди ӯ зуд ошкор гардид. Ҳамсабақонаш ба овози ӯ таваҷҷуҳ мекарданд ва омӯзгорон низ қобилияти ҳунарии ӯро мушоҳида менамуданд. Мансур низ нохудогоҳ зиёд мусиқӣ гӯш мекард, меомӯхт ва таҷриба мегирифт. Ӯ зери таъсири мусиқии эронӣ қарор гирифта буд ва намедонист, ки худ нохоста аз мактаб мегузарад.
Ӯ дертар дар мусоҳибаҳои худ борҳо таъкид кардааст, ки муваффақият танҳо бо истеъдод ба даст намеояд. Барои расидан ба ҳадаф меҳнат, сабр ва омӯзиши пайваста зарур аст.
Телефонфурӯш
Дар солҳои ҷавонӣ Мансур дар маҳфилҳо ва шабнишиниҳои ҷомеаи эрониёни Амрико ҳунарнамоӣ мекард. Ин давра барои ӯ як мактаби имтиҳон ба ҳисоб мерафт. Дар он вақт ӯ ҳанӯз ситора набуд. Барои ба даст овардани маблағ корҳои гуногун мекард. Аз ҷумла, дар Калифорния ба тиҷорати телефонҳои мобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ машғул буд.
Аммо орзуи асосиаш мусиқӣ боқӣ мемонд.
Вай тадриҷан бо бастакорон, шоирон ва оҳангсозон шинос шуд. Ин иртибот баъдан дар сохтани албомҳои аввалини ӯ нақши ҳалкунанда бозиданд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста Мансур дар ҷодаи ҳунар гомҳои устувор мегузошт.
“Фирфираҳои бебод”
Соли 1991 Мансур барои сабти аввалин албоми мустақили худ омодагӣ гирифт. Имрӯз бисёр ҷавонон метавонанд бо як телефони мобилӣ суруд сабт карда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намоянд. Вале дар солҳои навадум чунин имконият вуҷуд надошт.
Сабти албом маблағи зиёд, студияи касбӣ ва гурӯҳи ҳирфаиро талаб мекард.
Аз ҳамин сабаб, омодасозии албоми нахустини Мансур се сол идома ёфт. Ҳамин тавр, соли 1994 албоми аввалини Мансур бо номи «Фирфираҳои бебод» ба бозор баромад.
Ин албом дар байни ҷавонони форсизабони муҳоҷир зуд маъруф шуд.
Сабаби муваффақияти он дар он буд, ки Мансур тавонист мусиқии анъанавии форсиро бо унсурҳои поп ва мусиқии ғарбӣ омезиш диҳад.
Он замон бисёр ҷавонони муҳоҷир мехостанд мусиқие бишнаванд, ки ҳам ба фарҳанги аслии онҳо пайванд дошта бошад ва ҳам ба завқи муосирашон мувофиқ ояд. Мансур маҳз ҳамин холигиро пур кард.
Пас аз муваффақияти албоми аввал фаъолияти Мансур босуръат рушд кард. Албомҳои «Тасвири охир», «Дарича» ва «Қаиқи коғазӣ» яке паси дигаре нашр шуданд. Дар ҳар як албом ӯ кӯшиш мекард, ки сабки худро такмил диҳад. Дар ҳамин давра овози Мансур тадриҷан ба як шиносномаи ҳунарӣ табдил ёфт. Шунавандагон аз чанд ҷумлаи аввал метавонистанд овози ӯро аз дигарон фарқ кунанд.
Аз сароянда то муаллифи суруд
Соли 1999 марҳилаи нави фаъолияти ӯ оғоз шуд. Вай на танҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун суруднавис низ фаъол гардид. Албоми «Фақат ба хотири ту» маҳсули ҳамин давра буд.
Ҳарчанд ин албом аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақияти назаррас ба даст овард, вале баъзе мунаққидон онро чандон баланд арзёбӣ накарданд.
Бо вуҷуди ин, Мансур роҳи интихобкардаи худро идома дод.
Ӯ нишон дод, ки аз танқид наметарсад ва омода аст таҷрибаҳои нав анҷом диҳад.
Ин хислат баъдтар дар муваффақияти ӯ нақши муҳим бозид.
Агар солҳои навадум давраи шинохта шудани Мансур бошад, оғози асри XXI замони ба қуллаи шуҳрат расидани ӯ гардид. Дар таърихи фаъолияти ҳунарии сароянда чанд нуқтаи гардиш вуҷуд дорад, вале муҳимтарини онҳо бидуни шак нашри албоми «Дивуне» дар соли 2002 мебошад.
Ин албом на танҳо дар байни муҳоҷирони эронӣ, балки дар тамоми ҷаҳони форсизабон мавҷи тозае ба вуҷуд овард.
Пайванди қалбҳо
Тавре ишора шуд, Мансур ситораи дурахшони ҷаҳони форсизабон аст. Вақте Тоҷикистон ҳанӯз аз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ раҳо мешуд, Афғонистон марҳилаи нави таърихи худро оғоз мекард таронаҳои ӯ «Девона» ва «Азизи диламӣ» ба воситаи иртибот байни форсизабонон табдил ёфтанд. Ин сурудҳои миллионҳо қалбро ба ҳам пайваст мекарданд. Сурудҳои ӯ дар бораи ишқ, дурӣ, умед, зиндагӣ ва орзуҳо ҳастанд. Ин мавзӯъҳо барои ҳар як форсизабон, новобаста аз он ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад ё дар Кобулу Теҳрон ва ё Лос-Анҷелес наздик ҳастанд. Маҳз ҳамин хусусият Мансурро маҳбуби ҳамагон гардонид.
Пайванди Шарқу Ғарб
Пас аз Инқилоби исломии Эрон соли 1979 мусиқии попи форсӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд. Бисёре аз сарояндагон кишварро тарк карданд. Маркази асосии мусиқии попи эронӣ тадриҷан аз Теҳрон ба ҷануби Калифорния, бахусус шаҳри Лос-Анҷелес кӯчид.
Дар ин муҳит насли нави сарояндагон ба вуҷуд омад. Онҳоро баъзан «насли Лос-Анҷелес» меноманд.
Мансур яке аз чеҳраҳои барҷастаи ҳамин насл гардид.
Ӯ тавонист байни мусиқии шарқӣ ва попи ғарбӣ як навъ робита эҷод кунад. Агар баъзе сарояндагон аз ҳад зиёд ба мусиқии амрикоӣ тақлид мекарданд ва баъзе дигар дар қолабҳои куҳна боқӣ мемонданд, Мансур роҳи миёнаро интихоб кард. Дар таронаҳои ӯ ҳам зарби муосири поп шунида мешавад ва ҳам рӯҳи мусиқии форсӣ эҳсос мегардад.
Аз мусоҳибаҳои гуногуни Мансур чунин бармеояд, ки ӯ мусиқиро танҳо воситаи шуҳрат намедонад. Барои ӯ мусиқӣ пеш аз ҳама роҳи иртибот бо инсонҳост. Мансур борҳо таъкид кардааст, ки ҳунарманд бояд масъулияти иҷтимоӣ дошта бошад. Ӯ бар ин назар аст, ки суруд танҳо барои рақс ва фароғат офарида намешавад, балки метавонад миёни одамон пайванд эҷод кунад.
Мансур ва Тоҷикистон
Бори аввал Мансур соли 2004 ба Тоҷикистон омад. Дар он солҳо Тоҷикистон ҳанӯз барои бисёре аз ҳунармандони хориҷӣ, ҳатто эронӣ шинохташуда набуд. Аммо Мансур аз сафари нахустин Тоҷикистонро дӯст дошт. Барои Мансур ҷолиб он буд, ки дар як кишвари пасошӯравӣ забони модарии ӯ садо медиҳад, мардум шефтаи сурудҳои форсӣ ҳастанд, шунавандагони тоҷик ба мусиқӣ бо эҳтиром ва муҳаббати махсус муносибат мекунанд.
Мансур бори дуюм соли 2011 ба Тоҷикистон омад. Ин даъфа дар «Кохи Борбад»-и Душанбе консерт баргузор кард. То он вақт ҳафт сол аз сафари нахустини ӯ гузашта буд. Дар ин муддат Тоҷикистон дигар шуда буд. Душанбе низ симои нав гирифта буд. Худи Мансур дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ аз тағйироти пойтахти Тоҷикистон бо ҳайрат ва хушнудӣ ёд кардааст.
Соли 2019 Мансур барои бори сеюм ба Тоҷикистон омад.
Ин бор ӯ дар Фестивали тобистонаи Душанбе ҳунарнамоӣ кард.
СИПЕҲР