Gazprom july 2025
Телефони мобилӣ - воситаи пайвастшавӣ ё сабаби ҷудоии оила?
120

Дар ҷаҳони имрӯз, ки технология дар ҳар қадам бо мо ҳамқадам аст, телефон ба як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон табдил ёфтааст. Қаблан он воситаи иртибот ва осонии зиндагӣ дониста мешуд, аммо имрӯзҳо, бо таассуф, ба як омили ҷудоии қалбҳо ва сардии муносибатҳо табдил ёфтааст.

Имрӯз мебинем, ки чӣ тавр бародарро аз бародар, хонаводаро аз хешу табор, писарро аз падар ва ҳатто занро бо шавҳар телефон ҷудо кардааст. На бо сабаби худи телефон, балки бо сабаби истифодаи нодуруст ва ифротии он.

Ҷудоии қалбҳо дар сояи иртиботи барқӣ

Мо дигар ба чашмони ҳамдигар нигоҳ намекунем, зеро чашмамон ба экран дӯхта шудааст. Мо дигар суҳбат намекунем, зеро ангуштамон бо клавиатура банд аст. Мо дигар ба эҳсосоти якдигар гӯш намедиҳем, зеро гӯшамон бо садои видеову овозҳо пур шудааст. Ҳамин аст, ки телефонҳо моро наздиктар карданд, аммо дилҳоро аз ҳам дур намуданд.

Оилае, ки бар асари телефон пароканда шуд...

Ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки шавҳар бо занаш кам суҳбат мекунад, шаб бо телефони худ машғул аст. Зан бошад, дар ҷустуҷӯи диққат ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меорад. Дар натиҷа нофаҳмиҳо зиёд шуда, бо гузашти вақт ба талоқ ва ҷудоии абадӣ меорад.

Дар бархе мавридҳо, бародарон бо ҳам дар як хона зиндагӣ мекунанд, аммо бо якдигар суҳбати содиқона надоранд. Агар чизе ҳам гӯянд, мисли “паёмак” сард ва расмӣ аст. Агар телефон набошад, шояд суҳбати самимӣ мекарданд, ҳамдигарро хубтар мефаҳмиданд.

Қалбҳоро бояд бо муҳаббат пайваст кард, на бо Wi-Fi

Технология худ айб надорад, айб дар тарзи истифодаи он аст. Мо набояд фарзандонро бо телефон танҳо монем, мо набояд субҳу шом бо телефони худ банд бошем. Вақти суҳбат бо аҳли хонадонро бояд эҳтиром гузорем. Қисме аз вақтро барои суҳбати рӯ ба рӯ, бозӣ бо фарзанд, ё дастгирии ҳамсар бояд ҷудо намоем.

Телефон метавонад воситаи хайру пайванд бошад, агар оқилона истифода шавад. Аммо метавонад ба василаи ҷудоии дилҳо ва кинаву ғараз табдил ёбад, агар инсон онро бар ҳама чиз тарҷеҳ диҳад. Биёед, дар истифодаи он миёнаравӣ ва эҳтиётро риоя кунем, то нагузорем, ки технологияи “ақлнок” моро аз ҳиссиёти инсонӣ дур кунад.

Азимхӯҷа БАҲОВАДДИНОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД