Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо-2025 медали нуқра гирифт
24.11.2025
Oila.tj
84

Паҳлавони номовари тоҷик Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудои Аврупо миёни бошгоҳҳо дар соли 2025 ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Лигаи чемпионҳои ҷудо дар шаҳри Белгради Сербия доир гашт ва Темур Раҳимов дар вазни +90 кг дар ҳайати тими “Ред Стар”-и Сербия ширкат варзид.

Дастаи “Ред Стар” мусобиқаро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз намуда, бар тими “Акияма Саттимо”-и Италия бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ бошгоҳи ҷудои “Ред Стар” ғалабаро бар “Голден Гори”-и Гурҷистон бо ҳисоби 4 бар 0 ба даст овард.

Дар финали мусобиқа тими “Ред Стар” бо дастаи ҷудои “ПСЖ”-и Фаронса рақобат карда, бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардид. Темур Раҳимов дар финал дар вазни +90 кг бар Алишер Юсупови ӯзбек пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, тими ҷудои “ПСЖ” қаҳрамон ва соҳиби медалҳои тило шуд. “Ред Стар”, ки дар ҳайаташ Темур Раҳимов баромад намуд, медалҳои нуқраро соҳиб гардид. “Голден Гори”-и Гурҷистон ва “Женис”-и Қазоқистон медалҳои биринҷии мусобиқаро тақсим карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД