Gazprom july 2025
"Терминатор" дар мусобиқаи "ACA 190" ғолиб омад
19.08.2025
Oila.tj
126

Размикори тоҷик Фаридун Одилов дар мусобиқаи "АСА 190" дар Маскав бо бартарии зиёд бар ҳарифаш аз Бразилия Леонардо Силва дастболо шуда, мақоми номзад ба қаҳрамонӣ дар ин дивизионро ба худ баргардонидааст.

Рақобат бо ҳисоби 30-26 ба фоидаи Одилов ба итмом расида, ҳар се довар пирӯзиро ба размикори тоҷик сазовор донистаанд. Барои Силва ин бохти 8-ум дар давраи ҳунарнамоияш буда, Фаридун дар 24 рақобат 19 бор пирӯзӣ ба даст овардааст.

Фаридун Одилов 12-уми августи соли 1992 таваллуд шудааст. Ӯ ҳунарнамоии худро ба сифати самбочӣ оғоз намуда, 5 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст ва дар арсаи байналмилалӣ низ медалҳо ба даст овардааст: медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё (2017), иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёӣ оид ба гӯштини тарзи озод (2019) ва унвони қаҳрамони "Eagle Fighting Championship" дар вазни миёна.

Аз соли 2016 дар лигаи касбии ММА ҳунарномоӣ дошта, аз промоушенҳои "WFCA", "Fight Nights Global", "Gorilla Fighting" гузаштааст. Таҷриба аз гӯштинирӣ ва самбо барои ба зинаҳои нави касбӣ роҳ ёфтани ӯ мусоидат карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД