sebiston july new
Тӯҳфаи президент
519

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари навбатии кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар кушодашавии чандин корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ ширкат варзида, ҳамзамон ба омӯзгорон ва табибон калиди хонаҳои нави замонавиро тақдим кард.

Бинои нави истиқоматие, ки сарвари давлат дар маросими расмии кушодашавии он ширкат варзид, дар шаҳраки Гулистони вилояти Суғд қомат афрохта, аз ду ошёна иборат мебошад.

Бинои мазкур барои кормандони соҳаи иҷтимоию хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст ва аз 14 ҳуҷра иборат мебошад. Бино ба усули замонавӣ бунёд ёфта, тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудаанд.

Аз 14 нафар шахсони хушбахте, ки президенти мамлакат ба онҳо калиди хонаҳои нави замонавиро дар ин бинои зебои замонавӣ тақдим намуд, 6 нафарашон кормандони соҳаи маориф, 4 нафар табибон, 2 нафар хизматчиёни давлатӣ, 1 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 1 нафар корманди соҳаи фарҳанг мебошанд, ки ба манзил ниёз доштанд,-хабар медиҳад маркази матбуоти сарвари давлат.

Гирифтани калиди хона аз дасти Пешвои миллат дар арафаи рӯзи парҷами миллӣ туҳфаи олиҷанобе гашт, ки соҳибхонаҳои хушбахтро ба хизмати содиқона ба Ватан водор менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД