Ду сокини деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ рӯзи 5-уми апрел бо мақсади ҷустуҷӯйи тило ба минтақаи хавфноки Фондарё рафта ва дучори фоҷеа гардидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки “бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убур аз об, як нафари онҳо дар ҷараёни тези дарё ғарқ шудааст”. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамроҳи ӯ дар тарафи дигари соҳил дар ҳолати хатарнок дармонда, имкони баргаштанро наёфтааст. Ин шахсро наҷотдиҳандагони водии Зарафшон наҷот додаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, ҷустуҷӯйи ҷасади нафари ғарқшуда то ҳол дар дарёи Фон идома дорад.
КҲФ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми наздик шудан ба дарёҳои дорои ҷараёни тези об қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.