1xbet
Тими миллии Тоҷикистон дар “CAFA Nations Cup 2025” иштирок мекунад
30.06.2025
Oila.tj
26

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дуюмин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29-уми август то 8-уми сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, CAFA расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардонаро эълон кард. «CAFA Nations Cup 2025» бо ширкати шаш тими минтақа - Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ду тими даъватшуда - Уммон ва Малайзия доир мешавад.

Қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» рӯзи 3-юми июл соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор сурат мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД