arzon replenishment
Тими Тоҷикистон бо мунтахаби Гонконг бозии санҷишӣ мегузаронад
1100


Пагоҳ, 4-уми январ дар доираи омодагиҳо ба даври финалии мусобиқаи “Ҷоми Осиё-2023” тими мунтахаби Тоҷикистон дар майдони тамрин ва омӯзишии Абу Дабӣ бозии санҷишӣ мегузаронад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонааш хабар додааст, тими мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Гонконг, ки ба наздикӣ тими Чинро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Бозии санҷишии футболбозони мо бо тими Гонконг соати 16.00 бо вақти маҳаллӣ (соати 17.00 бо вақти Душанбе) оғоз хоҳад ёфт. Мураббиён имкон доранд, ки бозингаронро мувофиқи хоҳиши худ бидуни ягон маҳдудият иваз намоянд, бинобар ин, бозии мазкур дар рейтинги ФИФА ба назар гирифта намешавад.
Ёдрас мешавем, ки фаври финалии чемпионати “Ҷоми Осиё-2023” аз 12-январ то 10-феврал баргузор гашта, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” баромад мекунад.

Футболбозони тоҷик рӯзи 13-январ бо тими мунтахаби Хитой, баъдан 17-январ бо футболбозони Қатар ва санаи 22-январ бо Ливан рақобат хоҳанд кард.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД