toyota motors
То 35 000 сомонӣ кафолат: дар Душанбе механизми ҳифзи пасандозҳо шарҳ дода шуд
220

19-уми майи соли равон дар меҳмонхонаи Hilton Dushanbe бо ташаббуси Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Баланд бардоштани огоҳӣ ва иттилоотонии табақаҳои васеи аҳолӣ дар бораи механизми ҳифзи пасандозҳо” мизи мудаввар доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба механизмҳои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, таъмини шаффофият ва таҳкими шинохти фаъолияти Хазина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиён маводҳои такмилёфтаи иттилоотӣ ва сомонаи расмии навшудаи Хазина муаррифӣ шуданд, ки дар онҳо ҷанбаҳои асосии фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳо ба таври содда ва дастрас шарҳ дода шудаанд.

Зимни кори мизи мудаввар таъкид гардид, ки Хазина ҳанӯз соли 2004 бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пасандоздорон ва мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ тавассути пардохти ҷубронпулии суғурта таъсис ёфта, фаъолияти худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” амалӣ менамояд.

Раиси Хазина М. Қ. Асоев зимни суханронии худ иброз дошт: “Мақсади мо баланд бардоштани сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вақте боварӣ зиёд мешавад, онҳо бештар ба бонкҳо муроҷиат намуда, бе нигаронӣ маблағҳои худро дар он ҷо нигоҳ медоранд. Ҳатто дар ҳолатҳои муфлисшавии бонкҳо низ аҳолӣ ба таҳлука намеафтад, зеро медонад, ки маблағҳояш аз ҷониби Хазина суғурта ва ҳифз шудааст”.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки суғуртаи пасандозҳо барои пасандоздорон, аз ҷумла шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳатмӣ ва комилан ройгон буда, бастани шартномаи иловагиро талаб намекунад. Маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои дархостшаванда, пасандозӣ, муҳлатнок ва кортҳои бонкӣ ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд, таҳти ҳимоя қарор доранд.

Қайд карда шуд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати суғуртавӣ ва ё муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, Хазина ба ҳар як пасандоздор дар ҳар як ташкилоти қарзӣ то 35 000 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт менамояд.

Ба гуфтаи масъулон, агар маблағи пасандоз то 35 ҳазор сомониро ташкил диҳад, он пурра пардохт карда мешавад. Дар ҳолате, ки ҳаҷми пасандоз бештар бошад, масалан 50 ҳазор сомонӣ, Хазина 35 ҳазор сомонии онро пурра ҷуброн намуда, қисми боқимонда дар раванди барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонки муфлисшуда тавассути мудири маъмурӣ баргардонида мешавад.

Инчунин, таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳаҷми ҷубронпулӣ ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод шудаанд, то сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, фаъолияти Хазина ва сиёсати иқтисодию молиявии кишвар боз ҳам таҳким ёбад.

Бояд гуфт, ки таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисод мусоидат менамояд.

Бахтовар САФАРОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД