sebiston july new
ТОҶИКДУХТАР ҲАКАМОНРО БА ВАҶД ОВАРД
1673


Амал Хафизова зодаи Тоҷикистон буда, ҳанӯз аз оғози озмуни лоиҳаи «Яңы Моң” ҳакамонро қоил кард. Лина Арифулинаро ҳусну малоҳати шарқиёнаи Амал ба ваҷд овард, Элвин Грей бошад, ба таронаи ин нозанин булбуловоз баҳои баланд дод.

Амал ҳамроҳи дигар иштирокчиёни лоиҳаи “Яңы Моң” бо забони бошқирӣ суруд хонд. Як мисраи ин тарона бо забони тоҷикӣ буда, Амал онро хеле ширин суруд.
Дар давраи аввали лоиҳа Амал дар назди тамошобинони телевизион бо таронаи тоҷикии “Ҷони ман” баромад карда буд. Либоси миллии тоҷикона ва садои ширини ин духтараки фариштахисол ба тораҳои дили бинандагон нохун зада, ҳамагонро ба ҳаяҷон овард.
Дар давраи дуюм Амал дар назди ҳунарманди машҳури рус Валерий Меладзе таронаи “Текила – любовь”-ро суруда, бо истеъдоди волояш ин ҳунарманди шуҳратёрро қоил кард. Меладзе аз ҳунарнамоии Амал ба ваҷд омада, қайд кард, ки маънии сурудро ӯ хуб дарк кардааст ва онро бо ҳиссиёти хеле баланд ба шунавандагон расонида тавонист. Даври сеюми лоиҳа-озмун ба эҷодиёти Элвин Грей бахшида шуда буд ва Амал бо таронаи “Уйлама-ла” сарояндаи машҳурро қоил кард. Тарона дубора коркард шуда буд ва ин тарзи пешниҳоди суруд ба Элвин Грей хеле писанд омад.

Амал Ҳафизова яке аз чеҳраҳои фаъоли “Яңы Моң» буда, бо дигар иштирокчиёни лоиҳа муносибати хеле хуб дорад ва бо камоли майл ба дӯстони наваш дар бораи Тоҷикистон ва фарҳангу маданияти миллати тоҷик нақл мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД