formula55
Тоҷике дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид
388

 Ӯ тоҷики зодаи Русия аст ва бо чор забон суҳбат мекунад. 

Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид. Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи  Русия ғолиб мегардад.

Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қунъон барои ғолибият рақобат карданд. Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон”  иттилоъ доданд, дар ин озмуне, ки бисёр пуршиддат ҷараён гирифт, Аёмиддин Фархудинов ғолиб гардид ва ба ӯ раиси Идораи мусулмонони Русия, муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин ҷоизаро супорид.

Аёмиддин Фархудинов ғайр аз донандаву хонандаи хуби Қръон будан, ҳамчунин бо чор забон - тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад. Ӯ тоҷик буда, дар вилояти Тулаи Русия таваллуд шудааст. Дар синни 6-солагӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ карда, аллакай дар синни 10-солагӣ бо роҳбарии падараш дар озмунҳои қироати Қуръон иштирок кардааст. Ҷойи дуюмро Ҳусейн Алиризо Ҳани Бидголӣ аз Эрон ва ҷои сеюмро Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон соҳиб шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД