goodwell
Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2026 16 медал ба даст овард
05.10.2026
Оила
67

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2026 16 медал ба даст овард

В
арзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX тобистонаи Осиё-2026, ки дар Айти ва Нагояи Ҷопон баргузор шуданд, 16 медал, 2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҷадвали ниҳоӣ ҷойи 22-юмро гирифтанд

Ин натиҷа барои Тоҷикистон яке аз беҳтарин баромадҳо дар таърихи иштирок дар Бозиҳои Осиё ба ҳисоб меравад. Дастаи Тоҷикистон бо 99 варзишгар дар 21 намуди варзиш рақобат кард

Ҷолиб он аст, ки Тоҷикистон аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҳатто аз баъзе кишварҳое, ки дар ҷадвали расмӣ мавқеи болотар доранд, пеш гузашт

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиё-2026 аз 19 -уми сентябр то 4-уми октябр идома ёфта, дар он беш аз 11 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари Осиё барои 460 маҷмӯи медалҳо рақобат карданд

Тоҷикистон дар маҷмӯъ барои 9-умин бор дар Бозиҳои тобистонаи Осиё иштирок кард. Сармояи умумии медалҳои Тоҷикистон аз соли 1994 то имрӯз ба 35 медал расид: 6 тилло, 8 нуқра ва 21 биринҷӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД