Имсол низ ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистон бо тантана ва рӯҳияи баланди идона баргузор гардид. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ ва ҳамоишҳои идона ба ҷашни муқаддаси миллӣ шукӯҳи бештар бахшиданд.
Яке аз вижагиҳои ҷашни имсола дар он буд, ки консертҳои бошукӯҳи идона дар панҷ варзишгоҳи кишвар бо иштироки Пешвои миллат баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо дар шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни мамлакат доир шуда, фазои идона ва ҳамбастагии мардумро боз ҳам густариш бахшиданд.
Нахустин тантанаи бошукӯҳи ҷашни Истиқлол 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Ин чорабинии идона бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, ба муносибати ҷашни Истиқлол барномаи рангини фарҳангӣ ва консерти идона пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳузури ҳазорон нафар ва баргузории чорабинии бошукӯҳ дар ин иншооти навбунёд ба ҷашни имсола ҳусни хосса бахшид.
Тантанаҳои идона дар минтақаҳои кишвар низ идома ёфтанд. 11-уми сентябр дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт бо иштироки Пешвои миллат ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат барномаи фарҳангӣ ва консерти бошукӯҳи идона ташкил шуда, ҳунармандони маъруфи кишвар бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.
23-юми сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Пешвои миллат тантанаи Истиқлол баргузор гардида, консерти бошукӯҳи идона фазои шаҳрро фаро гирифт. Барномаи фарҳангӣ, ки ба гиромидошти арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлол бахшида шуда буд, ҷашнро боз ҳам пуршукӯҳ гардонид.
Тантанаҳои Истиқлол дар дигар минтақаҳои мамлакат низ идома ёфтанд. 27-уми сентябр тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ баргузор гардиданд. Дар чорабинии тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, сокинони ВМКБ-ро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ табрик карданд.
5-уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, сокинони шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ ва ҳамчунин Рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд.
Ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ танҳо ба марказҳои шаҳрҳо маҳдуд нашуданд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба муносибати ҷашни Истиқлол чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд. Сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ин ҷашни муқаддаси миллиро таҷлил намуданд.
Ҷашни Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи тақвимӣ нест. Он бозгӯи роҳи тайкардаи давлату миллат, рамзи соҳибихтиёрӣ ва таҷассумгари орзуву ормонҳои миллӣ мебошад. Бо ҳамин рӯҳия мардуми Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро дар тамоми гӯшаву канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ