sebiston july new
Тоҷикон ба Корея коркунӣ мераванд
14.04.2022
ОИЛА
1589


Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як раванди умумибашарӣ табдил ёфта, ҳамасола аз кишвари мо низ садҳо ҳазор одамон ба умеди дарёфти ризқу рӯзӣ ба мамолики дигар мераванд.

Акнун тоҷикон имкон доранд, ки натанҳо ба Русияву Қазоқистон ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ, балки ба дигар давлатҳои хориҷӣ,аз ҷумла ба Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Ҷониби Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба ин кишварро баррасӣ намудааст. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Кореяи ҷанубӣ иттилоъ додааст. Тибқи маълумоти манбаъ Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ бо Канг Юнг, раиси шаҳри Сангҷу масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон ба ин кишварро дар миён гузошта, ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд. Ҷонибҳо аллакай ба мувофиқа расидаанд ва барои корҳои мавсимӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Сангҷу қувваи корӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон ва Корея минбаъд низ дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД