Commerce bank may-june 2026
“Тоҷикстандарт”: дар арафаи ид нархи маҳсулотро беасос боло набаред!
25.05.2026
Oila.tj
99

Агентии “Тоҷикстандарт” аз соҳибони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо даъват кардааст, ки дар арафаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро беасос боло набаранд.

Ба иттилои ин ниҳод, бо ин мақсад дар бозорҳои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба фурӯшандагон тавсия додаанд, ки қоидаҳои савдоро риоя намуда, маҳсулоти босифат пешниҳод кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти ғизоӣ зиёд мешавад ва болоравии нарх метавонад ба буҷаи оилаҳо таъсир расонад. “Тоҷикстандарт” таъкид кардааст, ки нигоҳ доштани суботи бозори истеъмолӣ ва дастгирии аҳолӣ муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД