sebiston july new
Тоҷирони қиматфурӯш ба дӯзах меафтанд?  
1586

 

Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати он шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод...»

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.

Имрӯзҳо моҳи шарифи Рамазон меҳмони ҳамаи мамолики мусалмоннишини олам, аз ҷумла кишвари азизи мо- Тоҷикистон гардидааст. Ин моҳи муқаддас барои ҳар сокини мамлакат, азизу гиромист. Барои онҳое, ки ҳудро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.
DSCN7622

Рамазон имтиҳони нафси инсон аст

Моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд. Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

Дар ҳақиқат аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ болотар ҳисобанд, барои фардҳои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳ ва иҷобати дуо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд.

Худованд, он вақт аз банда ризо аст, ки...

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кӯмак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва нерӯ бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

         Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Вобаста ба ин, мо ҳамеша он нуктаро таъкид мекунем, ки садақаи фитр ба ин табақаи ниёзманди аҳолӣ бояд дода шавад.        

Садақаи рамазонӣ чӣ қадар арзиш дорад?

Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи аҳлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад. Дар баробари он ки фарз будани доштани рӯза таъкид мешавад, кӯмак ба табақаи бенаво ва мувофиқи имконияти худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи бузург будааст.

Тоҷирони гаронфурӯшро чӣ ҷазо интизор аст?      

Набояд фаромӯш кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба ҳизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».

 Инчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии муъминеро бикушояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рӯзи қиёмати ӯро мекушояд. Ва касе, ки бо тангдасте саҳлгирӣ кунад, Худованд дар дунё ва қиёмат бо ӯ саҳлгирӣ мекунад ва касе, ки айби мусулмонеро бипӯшад, Худованд дар дунё ва охират айби ӯро мепӯшад ва Худованд дар садади кӯмаки банда аст, то лаҳзае, ки банда дар садади кӯмак бо бародараш бошад». (Ривояти Муслим).

Аз ин хотир, аз ҳама тоҷирону соҳибкорон, фурӯшандагони маводи ғизоӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хӯрокворӣ машғуланд, хоҳиш мекунем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ баланд набардоранд, баръакс, агар тавонанд, бо паст кардани нарху наво ва муомилаи неку гуворо бо харидорон, корҳои савоб ва хизматрасониҳои иловагӣ ба мардум дар моҳи шарифи Рамазон ба меҳрубониҳои Худованди муттаол мушарраф гарданд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ,

омӯзгори калони ДИТ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД