Arzon march 2024
Толеъномаи 1-уми март
01.03.2022
Оила
4203

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи серташвиш аст. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем, хусусан агар вазъи саломатиятон нохуб бошад. Муноқишаву низоъ на танҳо бо наздикон, балки бо нафарони ношинос имкон дорад. Чанд пешниҳоди нави корӣ мешавад, дар интихоб ҳушёриро пеша намоед. Нисбати дӯстдоштаи худ фикру андешаҳои бадро ба дил роҳ надиҳед.

 

 

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намуда, аз тамоми нобарориҳои зиндагӣ барои худ панд гиред. Бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карданатон имкон дорад, аз ин лиҳоз мулоқоти ошиқонаро ба нақша нагиред. Маблағи калон сарф карданатон имкон дорад. Азбаски асабиву табъатон нохуш аст, ба меҳмонӣ рафтану меҳмон қабул карданро тавсия намедиҳем.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бо атрофиён мисли пештара робита карда наметавонед, зеро аксарият ба шумо бовар надоранду дар ғайбатон иғвоангезӣ мекунанд. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ, барқӣ ва дорувориҳои тиббӣ хеле эҳтиёткор бошед. Хатари ҷароҳат бардоштану аз дору заҳролуд шуданатон имкон дорад. Кӯшиши тағйир додани хислати дӯстдоштаатонро накунед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дар ҳама кор асабӣ мешавед. Агар дар байни коллектив худро нороҳат ҳис мекарда бошед, сар ба ҷайби андеша кашида, сабабашро муайян созед. Бештар ба наздикони худ бовар кунед ва дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ меёбед. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва мошинро ба таъмир надиҳед. Аз машрубот ва хӯроки равғанин худдорӣ намоед, хатари заҳролуд шуданатон вуҷуд дорад.  

 

Асад (23 июл-23 август)

Аввали баҳор ба шумо қувваи зиёду табъи хуш ато мекунад. Мушкилиҳои куҳнаатон аз нав рӯ зада, бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Аз маъракаҳои серодам ва сафари берун аз шаҳр худдорӣ намоед. Саломатии худро назорат намоед. Хӯроки сабуки хонагӣ ва меваву сабзиҷот истеъмол кунед.

 

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Бе кӯмаки наздикон сари ягон қароре наоед. Меҳнати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон бе таъсир намемонад. Асабхаробӣ қариби бегоҳ боиси муноқиша бо наздиконатон мегардад. Нисбати фарзандон бодиққат бошед, зеро ба ғамхории шумо ниёз доранд. Барои бастани ақди никоҳ ва фотиҳа кардани ҷавонони ошиқ рӯзи мусоид аст.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар масъалаи рафъи мушкилоти пулӣ рӯзи мусоид аст. Барои он ки дар ҷойи кор сабабгори муноқиша нагардед, бояд рафтору гуфтори худро назорат намоед. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки дарҳол дар фикри тағйир додани ҳаёти шахсӣ мегардед. Шабона азоби бехобӣ мекашед, зеро аз пайи кор шуда, саломатии худро фаромӯш кардаед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)


Дар ин рӯз дар ҳама кор фаъол шаведу ташаббус нишон диҳед. Аз рӯйи корҳои майда-чӯйда таваккал накунед, вагарна ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасад. Бо умеди дигарон нашавед, худатон дасту остин барзанед. Агар нафаре аз ҳамкорон нисбати кори шумо эрод гирад, дарҳол инро душманона қабул накунед. Беҳтараш аз пайи ислоҳ кардани хатогиҳои худ шавед.


Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Танҳо дар муҳити орому таскинбахш қавсҳо метавонанд рафтори минбаъдаи худро ба нақша бигиранд. Бо нафарони даркорӣ шинос шудан ба манфиати шумост. Барои рафъи мушкилоти рӯзгор рӯзи мусоид аст. Ҳангоми иҷрои корҳои хона хеле эҳтиёткор бошед, вагарна хатари ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад.

 

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

 

Рӯзи орому беташвиш аст. Агар нияти оиладор шуданро дошта бошед, барои сар кардани кори хайр рӯзи мусоид аст. Нафароне ки дар ин рӯз ба хостгорӣ мераванд, оилаи мустаҳкам бунёд мекунанд. Хариди калон бобарор анҷом меёбад. Аҳли оила аз шумо қаноатманд мегарданд. Аввали баҳор хатари хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна имкон дорад.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Шахси дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубониву илтифоти бештареро интизор аст, беҷуръат нашавед. Аз таваккал кардану қиморбозӣ худдорӣ намоед, вагарна аз пули бо меҳнати ҷабин ёфтаатон маҳрум мегардед. Хариди чизҳои қиматбаҳо ва пешгирӣ намудани бемориҳо бобарор анҷом меёбанд. Мардҳо бояд аз маъракаву нӯшидани машрубот дурӣ ҷӯянд, вагарна ба саломатиятшон зарар мерасад.

 

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Азбаски табиатан нафари оқил ҳастед, ба рафтори беақлона даст назанед. Дар оила бо сабаби камбудиҳои рӯзгор ва норасоии маблағ муносибатҳоятон вайрон мегарданд. Агар аз фишори руҳӣ эҳтиёт шавед, саломатиятон хуб мемонад. Дар ин рӯз харидани чизҳои қиматбаҳо ва ба сафар баромадан тавсия дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД