Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3250

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нафаре маҳсулоти пастсифатро ба шумо фурӯхтанӣ мешавад. Хариди ғайринақшавӣ накунед ва қарз ҳам нагиред, вагарна пулатонро дигар баргардонида наметавонед. Нафароне, ки дар фикри бадии шумоянд, ба мақсад намерасанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон имкон дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз хариди калон худдорӣ намоед. Ба корҳои бад чашм пӯшида натавонистанатон боиси муноқиша бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон мегардад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Агар кореро ба анҷом расонида натавонед, асабӣ нашавед, баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар масъалаҳои пулӣ бояд хеле эҳтиёткор бошед. Имрӯз ва рӯзҳои наздик бо пули дигарон сару кор нагиред. Дар бораи наздикони худ, ки аз фориғболии шумо азият мекашанд, андеша намоед. Эҳтимоли гирифтори асабхаробӣ шуданатон дар назар аст. Истироҳат дар оғӯши табиат қувваи шуморо барқарор месозад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба шиносҳое, ки ба наздикӣ пайдо кардаед, хубтар таваҷҷуҳ намоед. Нафаре аз онҳо аз зудбоварии шумо бар нафъи худ истифода бурдан мехоҳад, ки баъдан боиси дилмондагиятон мегардад. Ба нафароне, ки аз мушкилоти зиндагияшон шиква мекунанд, гӯш надиҳед. Бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳар як камбудии сарзадаро пай бурда, кӯшиши бартараф карданашро мекунед. Мутаассифона, рафтору гуфтори баъзеҳо боиси асабхаробиятон мегардад ва худро дошта натавониста, инро ба рӯяшон мегӯед. Кори нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, барор мегирад. Асадҳои оиладор бо ҳамсарашон низоъ мекунанд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои ҷиддӣ рух намедиҳанд, вале аз дағалгуфторӣ худдорӣ намоед, вагарна бо муноқишаҳои калон рӯ ба рӯ мегардед. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба вазъи молиявии шумо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Зимни робита бо роҳбарият ва нафарони воломақом боэҳтиёт бошед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Тағйир ёфтани ҳолати рӯҳиятон имкон дорад. Хусусан, бо нафарони рӯҳан бемор ва асабхаробе, ки бо ҳар сабаби ночиз ба ғазаб меоянд, сар ба сар нашавед. Нафарони калонсол эҳтимоли ба бемории қалб гирифтор шуданашон зиёд аст, аз ин лиҳоз, дар танҳоӣ ба сафари роҳи дур набароянд.   

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои саломатӣ рӯзи ниҳоят хатарнок аст. Яку якбора табъатон хира гашта, дарди сар ва бемориҳои сироятӣ имкон доранд. Ба корҳои хатарнок даст назанед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон нобарорӣ рух медиҳад ё муноқиша бо нафарони бегона бар зарари шумо анҷом меёбад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳои ҷиддӣ машғул нашавед. Нисбати нафаре аз наздикон ғамхорӣ зоҳир карданатон лозим меояд. Баъзеҳо қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунанд. Хобҳои дар ин шаб дидаатон нек амалӣ мешаванд. Дӯстдоштаатон аз беэътиноии шумо шиква мекунад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи мусоидест барои омӯзиши касбу кор ва корҳои ҷисмонӣ. Ҳузури шумо дар маъракаҳои серодам ва қабули меҳмон боиси муноқиша бо дӯстдоштаатон мегардад. Рӯзро дар танҳоӣ гузаронида, танҳо бо мушкилиҳои ҳалталаби рӯзгор машғул шавед. Ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, дар лаҳзаҳои асабоният худро ба даст гиред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Нимаи аввали рӯз вохӯриву робитаҳо имкон доранд. Корҳоятон бобарор мешаванд, вале ғуруру такаббуратон зиёд гашта, дар муносибатҳои шахсӣ ва корӣ мушкилиҳо сар мезананд. Барои харидани туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон рӯзи мусоид аст. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ тӯл мекашад.  

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи хатарнок аст. Хусусан, нафарони пиронсоле, ки асаби нозук доранд, аз яку якбора нохуш гаштани табъ, дарди сар ва бемории устухонҳо азият мекашанд. Бо шахсони ношинос низоъ накунед, вагарна дар моҷаро бой медиҳед ва ҳатто ба саломатиятон зарар мерасад. Дар муносибатҳои ошиқона ҷасурона амал кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД