formula
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2514

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки дар оянда ҳамкорӣ кардан мехоҳед, робитаатонро дубора барқарор созед. Кӯшиш кунед, ки нерӯи худро беҳуда сарф накунед. Вақти он расидааст, ки ҳодисаҳои моҳи гузаштаро таҳлил намуда, корҳои боқимондаро ба анҷом расонед. Дар фикри саломатии худ бошед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар муошират бо ҳамкорон боэҳтиёт бошед. Кӯшиш накунед, ки ба нафаре маслиҳат диҳед, зеро касе гӯш кардан намехоҳад. Ҳангоми қабули қарорҳо дудила нашавед. Агар дар худ хастагиро эҳсос кунед, истироҳат намуда, худро ором созед. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз ҷавзоҳои муҷаррад нафари ба дили худ наздикро пайдо мекунанд. Аз ҷониби дигарон таърифу тавсифҳои зиёд шунида, болидарӯҳ мегардед. Бо дӯстони пешина муносибати худро қатъ накунед, зеро ба зудӣ ба онҳо эҳтиёҷ пайдо мекунед. Вохӯриҳои корӣ дар ин рӯз хуб мегузаранд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз кореро тани танҳо анҷом доданӣ нашавед. Ба дӯстону наздикони худ такя кунед, беҳтар аст. Ҳамкоронатон ба шумо кӯмак мекунанд, шумо низ дар ҷавоб дасти онҳоро дар лаҳзаҳои мушкил бигиред. Агар бо нафаре қаҳрӣ карда бошед, узр пурсида, оштӣ шавед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар назди худ мақсад гузоред ва барои расидан ба онҳо талош кунед. Хароҷотатон имрӯз аз меъёр зиёд мешавад. Ба хариди чизҳои нолозим роҳ надиҳед. Ба роҳбари худ чизеро гуфтан мехоҳед, вале ситораҳо мегӯянд, ки сабр кунед, роҳбаратон ба наздикӣ худаш ҳамаро мефаҳмад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз гуфтушунидҳои тиҷоратӣ, сафари роҳи наздик, вохӯриҳои ошиқона ва сайру саёҳат дар сатҳи олӣ мегузаранд. Эҳтимол, бо нафаре вомехӯред, ки дар корҳои ояндаатон ба шумо кӯмаки худро мерасонад. Аз маъракаҳои серғавғо дурӣ ҷӯед ва асаби худро орому табъатонро болида нигоҳ доред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Вазъи имрӯзаи боду ҳаво баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузорад, вале ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Барои шинос шудан бо нафарони бегона шитоб накунед. Аз ошкоро гуфтани баъзе суханҳо каме худдорӣ намоед. Тӯҳфаҳои ногаҳониро қабул накунед. Фаромӯш насозед, ки панири ройгон танҳо барои муш аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

То зарур набошад, дар ин рӯз тиҷорати навро оғоз накунед. Бояд ба як қарори қатъӣ оед ва бояд донед, ки чӣ бароятон лозим асту чӣ нолозим. Бурдборӣ дар насибатон ҳаст, аммо барои расидан ба он шитоб накунед. Ба хабаргирии нафарони калонсоли оила, ки аз шумо ҷудо зиндагӣ мекунанд, биравед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муваффақият ҳамсафари шумо хоҳад буд, ба шарте ки сабр кунед. Бикӯшед, то некии дигаронро бо некӣ ҷавоб гардонида тавонед. Аз нӯшидани нӯшокиҳои сахтгазноккардашуда даст кашед ва дар фикри саломатии худ бошед. Фаромӯш насозед, ки ҳар шахс табиби худаш аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз вазъи саломатиатон хуб ба назар мерасад ва бо табъи болида ба кор меравед. Чунон хурсандед, ки ҳатто ба касе муноқиша кардан намехоҳед. Ба ҳар ҳол, ҳангоми муошират бо ҳамкорон ва роҳбарият боэҳтиёт бошед. Дӯстдоштаатонро ба вохӯрӣ даъват намуда, ҳамроҳаш рози дил кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз бо шарикони тиҷоратии худ масъалаи сармоягузорӣ ва тақсими фоидаро баррасӣ намоед. Оташи хазму ғазабро дар худ хомӯш карда, бо атрофиён муомилаи хубро ба роҳ монед. Ба корҳои хатарнок даст заданро тавсия намедиҳем. Ба ишқ, орзу ва боварӣ бештар диққат диҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Даромади пулиеро, ки дар интизораш будед, имрӯз ба даст меоред. Бисёр корҳо аз оне ки шумо тасаввур мекардед, беҳтар ҳалли худро меёбанд. Аз гуфтани суханҳои пасту баланд дар ҳаққи мансабдорони баландпоя худдорӣ намоед. Сари бе балои худро ба бало гирифтор накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД