Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
841

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар муносибатҳои корӣ эҳтиёткор бошед, зеро эҳсосоти ошиқона метавонад мушкил эҷод кунад. Агар хоҳиши иваз кардани муҳити муошират пайдо шавад, ин табиӣ аст. Дар касбу кор вазифаҳоятонро бо масъулият иҷро намоед. Аз серкорӣ эҳтиёт кунед ва бештар истироҳат намоед. Агар фикрҳои манфӣ оромиатонро халалдор кунанд, бо шахси наздик суҳбат кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Давраи мусоид барои муҳаббат, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ фаро мерасад. Кӯшиш кунед миёни кор ва зиндагии оилавӣ тавозун нигоҳ доред. Ба баҳсҳои беҳуда роҳ надиҳед. Барои корҳои молиявӣ рӯз бобарор аст ва имкони беҳтар шудани даромад вуҷуд дорад. Ҳангоми роҳравӣ ё кор эҳтиёткор бошед, то аз ҷароҳатҳои ногаҳонӣ эмин монед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз бо шахси ҷолибе ошно шуданатон мумкин аст, ки ин шиносоӣ идома пайдо мекунад. Нороҳатиҳои хурд рӯҳияатонро паст накунанд. Дар кор бештар ба таҷриба ва ҳисси худ такя кунед. Аз заҳматҳои пешина самараи молиявӣ хоҳед гирифт. Агар ғамгин бошед, бо наздикон суҳбат кунед ё барои оромии рӯҳӣ вақт ҷудо намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи муносиб барои шиносоӣ ва муоширати нав аст. Ба корҳои хона ва оромии оила диққати бештар диҳед. Аз ҷанҷол бо дигарон худдорӣ намоед, зеро ҳоло ба дастгирии атрофиён ниёз доред. Барои даромади бештар худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Агар аз фишори хун ё дил ранҷ мекашед, саломатиро зери назорат нигоҳ доред.

Асад (23 июл-23 август)

Ба худ ва шавқу ҳавасҳоятон вақт ҷудо кунед. Муносибатҳои оилавӣ рӯ ба беҳбудӣ меоранд ва нофаҳмиҳои гузашта аз байн мераванд. Дар кор имкони нишон додани қобилият ва ҳатто пешбарӣ шудан вуҷуд дорад. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед. Ҳаяҷон ва асабониятро идора намоед, то аз дарди сар ва хастагӣ эмин бимонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои шахсӣ бештар аҳамият диҳед. Дар оила нофаҳмиҳои хурд мумкин аст, вале онҳо зуд бартараф мешаванд. Дар муҳити корӣ бетараф монед ва худро ба баҳсҳо наандозед. Дар рақобат эҳтиёткор бошед. Рӯз барои саёҳат, сайругашт ва машқҳои ҷисмонӣ хеле мувофиқ аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи шумо бо рӯҳияи болида оғоз мешавад ва шом барои вохӯриҳои дӯстона ё шиносоии ошиқона мусоид аст. Ба корҳои хона ва дастгирӣ кардани наздикон вақт ҷудо кунед. Дар кор ташаббус нишон диҳед, зеро он метавонад ба пешрафти касбӣ мусоидат кунад. Барои беҳтар шудани саломатӣ бештар витамин истеъмол намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз шахсе пинҳонӣ ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, аммо барои оғоз кардани муносибати нави ошиқона вақти чандон мувофиқ нест. Дар хона фазои орому дӯстона ҳукмфармо мешавад. Барои эҷодкорон ва соҳибони касбҳои ҳунарӣ рӯзи хеле бобарор аст. Ба таҷрибаи худ такя кунед ва фикрҳои манфиро аз худ дур созед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона сабру таҳаммул лозим аст. Аз баҳсу муноқиша дурӣ ҷӯед ва роҳи созишро интихоб кунед. Дар кор аз паси вақтхушиҳои зиёдатӣ наравед, то обрӯятон осеб набинад. Пойдорӣ дар кор ба даромади бештар мусоидат мекунад. Ба ғизои солим аҳамият диҳед ва шабона зиёд хӯрок нахӯред.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо дӯстдоштаатон самимӣ ва табиӣ рафтор кунед. Имрӯз барои исрори зиёд ё баҳс кардан вақти муносиб нест. Дар касбу кор қобилиятҳои худро далерона нишон диҳед, зеро роҳбарият онҳоро қадр мекунад. Барои сармоягузорӣ ва корҳои молиявӣ рӯзи мусоид аст. Барои пешгирии бехобӣ бештар истироҳат кунед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз бояд қарори муҳим қабул намоед, зеро он ба ояндаатон таъсир мерасонад. Тағйироти мусбат ва вохӯрии хуш бо дӯстони дерин имконпазир аст. Аз ҳамкорону шиносон пешниҳодҳои ҷолиб мегиред. Барои бастани шартномаҳо ва сармоягузорӣ рӯзи хуб аст. Ҳангоми ҳаракат ва кор эҳтиёткор бошед, то осеб набинед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ба гумону шубҳа роҳ надиҳед, то муносибатҳои ошиқонаатон осеб набинанд. Барои худ вақт ҷудо кунед ва аз харид ё истироҳати гуворо лаззат баред. Дар муносибат бо хешовандон сабрро пеша кунед. Дар гуфтушунидҳо бо идеяҳои нав ба натиҷаи хуб мерасед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намуда, фикрҳои манфиро аз худ дур созед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД