Arzon admin
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3339

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамалҳое, ки то ҳол бахти худро пайдо накардаанд, бояд аз пайи пайдо намудани ҳамсафари ҳаётӣ шаванд. Вазъи хуби молиявӣ рӯҳатонро болидаву табъатонро хуш мегардонад. Фишори хун ва бемориҳои музминро беназорат нагузоред. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз даромади хуб ба даст меоред, вале хароҷотатон низ зиёд мегардад. Имкони пайдо кардани ҷойи кори беҳтар дар назар аст. Масунияти худро мустаҳкам карда, ба хастагӣ роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ сафару вохӯрӣ бо нафароне, ки пешравии коратон аз онҳо вобастагӣ дорад, бобарор анҷом меёбад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар корҳоятон душвориҳои муваққатӣ имкон доранд. Агар рӯҳафтода нашавед, қувваи тоза пайдо мекунед. Камбудиҳои ёратонро ба рӯяш гуфтанӣ бошед, ба умеди беҳтар гаштани муносибатҳоятон нашавед. Мушкилиҳои ҳалталаб ва корҳои нотамоме пеш меоянд, ки аз шумо вақту маблағи зиёдро талаб мекунанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ ва сергапӣ роҳ надиҳед. Фаромӯш насозед, ки қаҳру ғазаби яклаҳзаина боиси сар задани муноқишаҳои зиёд мегардад. Мушкилиҳои начандон зиёди молиявиатон ба наздикӣ рафъ мегарданд, ба шарте ки аз кӯмаки нафароне, ки дасти ёрии шуморо дидаанд, рӯ нагардонед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз монеаҳо ва душвориҳои сарзада намеҳаросед. Бо наздикони худ муноқиша накунед, вагарна оштӣ шуданатон душвор мегардад. Дар оилаи баъзеҳо тавлиди фарзанд эҳтимол дорад. Бонувон аз дӯстдоштаи худ туҳфа мегиранд. Ҳодисае рух медиҳад, ки ба кор ва саломатиятон таъсири хуб мерасонад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз меҳнати пурмашаққат самараи худро медиҳад. Дар ҷодаи муҳаббат гузашт ва бо дӯстдоштаатон дарди дил кунед. Худро ба даст гирифта натавонистан ва дағалгуфторӣ боиси сар задани муноқиша бо атрофиён мегардад. Ба саломатии худ ва наздикон диққат диҳед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар бо дӯстдоштаатон тиҷорати якҷояро оғоз карданӣ бошед, мушкилиҳои кориро бо муносибатҳои шахсӣ омезиш надиҳед. Болидарӯҳӣ ва серҳаракатӣ ба фоидаи шумо хоҳад буд. Баъди нисфирӯзӣ бо аҳли оилаи худ истироҳат кардан табъатонро болида мегардонад. Саломатӣ ташвиш намедиҳад. 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз тамоми корҳоятон барор мегиранд. Агар шумо оиладор ва соҳиби фарзанд бошед, барои наздикони худ низ вақт ҷудо намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ мушкилиҳое ба миён меоянд, ки қаблан ба онҳо диққат намедодед. Ҳангоми сари чанбараки мошин нишастан боэҳтиёт бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз пайи рафъ намудани мушкилиҳои ҷиддӣ нашавед. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи хуб аст, вале аз андоза зиёд сарф кардани пулро маслиҳат намедиҳем. Тамоми диққати худро ба кор равона карданатон боиси ранҷидани шахсони наздикатон мегардад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, бурд мекунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз тавре меҳнат кунед, ки баъдан аз қувваву вақти зоеърафта афсӯс нахӯред. Агар ба хариди беҳуда роҳ надиҳед, аз норасоии пул азият намекашед. Қаҳру ғазаб ва ваъдаҳои бемаврид боиси сар задани душвориҳо дар ҷойи кор ва ҳаёти шахсиятон мегарданд. Диққати худро ба корҳои дуюмдараҷа равона накунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба хасташавӣ роҳ надиҳед, вагарна саломатиро аз даст медиҳед. Бо кори орому камҳаракат машғул шавед, он гоҳ муваффақ мегардед. Дар ҳаёти шахсӣ ба маслиҳати нафарони муҷаррад ва нафароне, ки ба шумо ҳасад мебаранд, гӯш надиҳед. Шумо тақдири худро бояд худатон ҳал намоед. 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Давраи душвор паси сар шуд. Акнун метавонед мушкилиҳоеро, ки вақтҳои охир ороматон намегузоштанд, фаромӯш созед. Сафарҳои корӣ ва ҷаласаҳо дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед, аз бемориҳо эмин мемонед. Ба дӯстону наздикон кӯмак расониданатон лозим меояд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД