Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз вақти иқдомҳои ҷиддӣ ва фаъолиятҳои нав аст. Энергияи зиёдатон ба шумо кумак мекунад ҳар гуна монеаро паси сар намоед. Агар роҳбарӣ кардан ва иқдом нишон додан лозим шавад, натарсед. Аммо фаромӯш накунед, ки шунидани фикри дигарон низ муҳим аст. Дар муносибатҳои шахсӣ бо наздикон бештар эҳтиёткор ва боадаб бошед, то нофаҳмӣ пайдо нашавад. Самимият ва ростгӯӣ муносибатҳоро мустаҳкам месозад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ басо мусоид аст. Пешниҳодҳоеро, ки бо хариди калон вобастаанд, бо диққат баррасӣ кунед. Барои омӯзиши малакаҳои нав ё тақвияти донишҳои пешина вақт ҷудо кунед, ин ба фоидаи ояндаатон мешавад. Ҳамчунин ба саломатӣ ва роҳати худ диққат диҳед, то неруву қувваатон барқарор гардад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз муошират калиди муваффақият аст. Забони бурро ва сухани боварибахш ба шумо кумак мекунад шартномаҳо ва гуфтугӯҳои муҳимро бо муваффақият анҷом диҳед. Шомро беҳтараш бо дӯстони худ гузаронед ё дар чорабинии фарҳангӣ иштирок кунед. Ростқавлӣ ва самимиятатон аз тарафи атрофиён қадр карда мешавад. Хусусан бо дӯстдоштаатон самимӣ бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз кӯшиш кунед аз хафагиҳои куҳна ва тарсҳои беҳуда халос шавед. Дар оила оромиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст, аз ин фурсат истифода баред, то робитаҳои хонаводагиро мустаҳкам созед. Масоили марбут ба хона ва маблағи пулӣ диққати ҷиддӣ талаб мекунанд. Шароити ором ба шумо имкон медиҳад, ки оромиши ботиниро барқарор созед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дар дилатон хоҳиши дар маркази диққат будан зиёд мешавад. Барои лоиҳаҳои бузурге, ки мехостед оғоз кунед, вақти мувофиқ фаро расидааст. Қобилиятҳои роҳбарӣ карда тавонистан ва истеъдодҳоятон имрӯз ба кор мераванд. Дар ҷодаи муҳаббат низ рӯйдоди гуворо интизор аст. Аз шуҳрат наҳаросед, вале наздиконро фаромӯш накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз барои тартиб додани корҳои рӯзмарра ва беҳтар намудани вазъи саломатӣ мусоид аст. Агар муҳити корӣ ва хонагӣ ба низом оварда шавад, оромиши ботинӣ низ пайдо мекунед. Ба ҷузъиёт диққат диҳед, зеро онҳо нақши ҳалкунанда доранд. Дар баробари кор, истироҳати дуруст ва ғизои солимро низ фаромӯш насозед. Масъулиятнокӣ ва интизом калиди муваффақияти шумо мебошанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз дар муносибатҳои корӣ ва шахсӣ ҳамоҳангӣ эҳсос мешавад. Қобилияти созиш карда тавонистан ва дар мушкилиҳо роҳи осонро ёфтан ба шумо кумак мекунад баҳсҳои кӯҳнаро пушти сар кунед. Эҳтимол пешниҳоди ҷолиби ҳамкорӣ ба даст ояд. Барои истироҳат ва машғулиятҳои дӯстдошта вақт ҷудо кунед. Оромӣ ва кордонии шумо дигаронро ҷалб мекунад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз барои аз одатҳои бефоида ва фикрҳои нодаркор халос шудан вақти муносиб аст. Эҳтимол маълумоти пинҳонӣ ошкор шавад, ки ба масоили пешина равшанӣ меандозад. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед ва қарори шитобкорона нагиред. Ба ҳисси ботинии худ эътимод кунед. Хусусан дар ҷодаи муҳаббат ба маслиҳати касе гӯш надиҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз неру ва шавқу завқ аст. Хоҳиши омӯхтан, сафар кардан ва шиносоии нав пайдо намудан дар дилатон зиёд мешавад. Нақшаҳои наватон дигаронро илҳом мебахшанд. Дар ҷодаи муҳаббат низ эҳтимоли шиносоии гуворо ва ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Дар масоили саломатӣ бепарвоӣ накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз вақти муносиб барои мустаҳкам намудани мавқеи касбӣ ва расидан ба ҳадафҳои дерина аст. Меҳнату талоши шумо қадр мегардад ва натиҷаҳои хуб меорад. Эҳтимол пешниҳодҳо барои пешравиятон зиёд шаванд. Вале корро аз ҳад зиёд бар дӯш нагиред, беҳтараш қисме аз масъулиятро тақсим намоед. Тавозун байни кор ва зиндагии шахсӣ муҳим аст. Хусусан дар муносибатҳои ошиқона.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз бояд ба хона ва наздикон диққати бештар диҳед. Агар масъалаҳои рӯзмарра ҷамъ шуда бошанд, беҳтараш онҳоро ҳал намоед. Вақти хуб барои амалӣ намудани орзуҳо аст. Эҳсосот ва эҳтиёҷоти худро озодона баён намоед. Ин ба шумо оромиши ботинӣ мебахшад. Нисбати баландшавии фишори хун беэътиноӣ накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз бо мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои сермаҳсул сипарӣ мешавад. Ба садои қалби худ гӯш дода, қарорҳои дуруст мебароред. Шояд дар бораи дӯстдоштаатон маълумоти нав гиред, ки назари шуморо комилан тағйир медиҳад. Машғулиятҳои эҷодӣ рӯҳу ҷонатонро болида месозанд.