arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2024
2522

Ҳамал

Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.

Савр

Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.

Ҷавзо

Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ нафарони муҷаррад ба ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд.

Саратон

Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.

Асад

Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон ва дағалияш шуморо асабӣ месозад.

Сунбула

Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.

Мизон

Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.

Ақраб

Ақрабҳои муҷаррадро вохӯрӣ ва шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон ва бемаънӣ худдорӣ намоед.

Қавс

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки дар ҳама кор хеле орому ботамкин бошед. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад.

Ҷаддӣ

Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.

Далв

Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.

Ҳут

Дар ин рӯз дар ҳаётатон навигариҳои зиёд рух медиҳад. Агар зиракӣ кунед, пули муфт ба даст меоред. Шахсеро, ки дӯст мешуморед, бо ғайбату масхара аз пасатон душманӣ мекунад. Ҳутҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки бо як нигоҳ дилашонро ба ларза меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД