Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бештар ба саломатии худ аҳамият диҳед. Агар саломатӣ хуб бошад, ҳама чизро ёфтан мумкин аст. Суҳбат бо наздикон на танҳо рӯҳбаландӣ мебахшад, балки метавонад идеяҳои нав диҳад. Дар муносибатҳои шахсӣ бо гузашт ва дилёбӣ аз баҳсу ҷанҷол худро канор гиред. Кӯшиш кунед миёни кору истироҳат тавозунро нигоҳ доред.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз илҳоми эҷодиятон зиёд мегардад. Барои оғоз кардани корҳои нав ва машғулиятҳои дилписанд фурсати хуб аст. Аз таҷрибаҳои нав натарсед. Эҳтимоли шунидани хабарҳои молиявии ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Пеш аз қабул кардани қарорҳои ҷиддӣ, ҳама чизро бодиққат баррасӣ кунед. Бо нафароне, ки одати хабаркашӣ доранд, дӯстӣ накунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз беҳтараш бо корҳои хона ва ба тартиб овардани зиндагиятон машғул шавед. Ба масъалаҳои оилавӣ диққат диҳед, зеро он робитаҳоро қавитар месозад. Суханони шумо қудрати махсус доранд, пас онро барои дастгирӣ ва рӯҳбаландии дигарон истифода баред. Дар ҷодаи муҳаббат сар задани нофаҳмӣ имконпазир аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи мусоид барои омӯзиш аст. Сайругашт дар ҷойҳои ношинос ба шумо оромӣ мебахшад. Муоширати фаъол ва мубодилаи донишҳо ҷаҳонбиниатонро васеъ месозад. Дилёбӣ ва нармгуфторӣ калиди бартараф кардани нофаҳмиҳо хоҳад шуд. Нафарони муҷаррадро хабари хушу аҷиб интизор аст.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз масъалаҳои молиявӣ ва мушкилоти пулӣ дар мадди аввал қарор доранд. Хароҷот ва даромадҳои худро бодиққат таҳлил намоед. Шабакаи иҷтимоии шумо густариш меёбад ва шиносоии нав пайдо мекунед. Агар муҷаррад бошед, ба ишқбозиҳои интернетӣ дода нашавед. Қабл аз он ки ба касе дил мебандед, ӯро нағзакак омӯзед. Бо пул эҳтиёткор бошед ва қарорҳои саросема нагиред.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи серташвиш аст. Бояд то нисфирӯзӣ корҳои муҳими худро анҷом диҳед. Нисбати бемориҳое, ки чанд муддат азиятатон медиҳанд, вақт ва маблағ ҷудо карда, аз пайи ташхис ва табобат шавед. Фаромӯш накунед, ки пулу молро ёфта метавонед, вале саломатӣ ганҷи ноёб аст. Бо дӯстдоштаи худ дағалӣ накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз беҳтараш каме аз саросемагӣ канора гиред ва ба саломативу ҳолати рӯҳии худ диққати бештар диҳед. Ба садои қалби худ гӯш диҳед. Дилёбӣ ва ҷаззобияти шумо баҳсҳоро осон ҳал мекунад. Шумо аз ҳама гуна мушкилиҳо бо ақлу заковати худ баромада метавонед. Нисбати баландшавии фишори хун беэътиноӣ накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Муошират бо дӯстону наздикон ба шумо рӯҳбаландӣ мебахшад. Суҳбатҳои самимӣ табъатонро болида месозад, хусусан дар ин шабу рӯз, ки хеле ба дастгирӣ ва меҳрубонӣ ниёз доред. Ҳамкорӣ дар масъалаҳои молиявӣ метавонад натиҷаҳои хуб диҳад. Дар интихоби бахт ба садои қалб гӯш диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар ҷодаи касбу кор хеле серташвиш мешавед. Масъулиятнокӣ ва интизоми хуб ба шумо кумак мекунад, ки мавқеи худро мустаҳкам созед. Барои муносибатҳои ошиқона ва мулоқот бо шахси дӯстдошта рӯзи мусоид аст. Бо ҳамкорон ва наздикон ба созиш расидан осонтар мегардад. Аз тӯю маъракаҳо дурӣ наҷӯед, хусусан агар муҷаррад бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи хубе барои омӯзиш ва васеъ кардани сатҳи ҷаҳонбинӣ аст. Сафарҳои дур хаста кунанд ҳам, табъатонро болида месозанд. Дар ҷои кор вазнинии бештар эҳсос мешавад, аммо шумо бо танзим ва тартибот онро паси сар мекунед. Субот ва устувории шумо муваффақият меорад. Дар масоили ошиқона ба рашку нобоварӣ роҳ надиҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз масъалаҳои молиявӣ ва муносибатҳои шахсӣ диққати бештар талаб мекунанд. Ба гуфтугӯи самимӣ омода бошед. Лоиҳаҳои эҷодӣ ва вохӯриҳои ошиқона ба шумо шодӣ мебахшанд. Бе тарсу дудилагӣ фикрҳо ва эҳсосоти худро баён намоед. Ба дӯстдоштаатон имкони рашк кардан надиҳед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз беҳтараш ба муносибатҳои ошиқона ва корӣ диққати бештар диҳед. Бо ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ робитаҳоятонро қавӣ месозед. Масъалаҳои оилавӣ диққати бештар талаб мекунанд. Дар хона муҳити гарму дӯстона эҷод кунед. Одати беҳуда ва зиёд сарф кардани пулро партоед. Вақте расидааст, ки пулро захира намоед, хусусан агар муҷаррад бошед.