Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шумо неруманду пурэнергия мешавед, диққати атрофиён ба шумо бештар мешавад. Эҳтимол меҳмони нохонда, аз хешовандони дур, ногаҳон биояд. Аз гуфтугӯ дар бораи ҳаёти шахсӣ худдорӣ кунед, ҳарфи зиёдатӣ метавонад боиси овоза гардад. Қарорҳои муҳимро ба таъхир андозед, зеро маълумоти кофӣ надоред. Бештар дар муҳити одамони муваффақ бошед ва аз афроди дилшикаста канорагирӣ намоед. Агар аз ҳад зиёд кор кунед, асабоният ногузир аст.
Савр (21 апрел-21 май)
На ҳама чиз онгуна аст, ки ба назар мерасад, ҳатто дар муносибатҳои ошиқона низ. Эҳтимол шахси наздикатон чизеро пинҳон дошта бошад. Нақшаҳои шахсии худро бо дигарон, хусусан бо шиносони ҳасуд баён накунед. Имрӯз фурсат аст, ки корҳои тӯлониро анҷом диҳед ва бо санадҳо машғул шавед, аммо бо эҳтиёт амал намоед, нофаҳмиҳо имкон доранд. Аз фиребгарон эҳтиёт шавед, касе мехоҳад шуморо ба дом андозад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ, худро зери фишор нагузоред.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз дили шумо аз муҳаббат ва меҳрубонӣ лабрез мешавад. Энергияи ошиқонаатон боис мегардад, ки шумо бештар илҳом гиред. Бидуни тарс эҳсосоти худро баён намоед ва бо ҳамсафаратон ошкоро суҳбат кунед. Гарчи ҷаҳонро тағйир дода наметавонед, метавонед худро ва наздиконатонро муҳофизат намоед. Агар гуноҳе содир кардед, узр пурсидан бузургворӣ аст. Тозакунии хона метавонад неруи мусбати молиявиро фаъол созад. Барои ҳифзи саломатӣ шиноварӣ ё давидан субҳгоҳон муфид аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Афроде, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббатанд, дар арафаи мулоқоти муҳим қарор доранд. Ҷаззобият ва фатонати шумо метавонад дили касеро тасхир кунад. Бо ҳамсоягон ҳамдигарфаҳмӣ нишон диҳед. Дар кору зиндагӣ ташаббускор бошед ва ба кумаки дӯстон такя кунед. Комёбӣ танҳо дар заминаи эҳтиром ба дигарон ва қадрдонии ҳамкорон даст медиҳад. Барои саломатӣ масҳи табобатӣ ва оббозии оромбахш тавсия мешавад. Аз кори вазнин парҳез намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз беҳтараш муҳаббатро ба таъхир гузоред, шиносоии нав эҳтимолан ба муносибати ҷиддӣ табдил намеёбад. Дар хона масъалаҳое пеш меоянд, ки диққати шуморо талаб мекунанд. Рӯз барои нишон додани қобилият ва истеъдоди шумо мусоид аст, хусусан дар кори гурӯҳӣ. Хароҷоти беҳударо қатъ намоед. Имконияти муҳим пеш меояд, вале барои истифода аз он маблағ зарур аст. Агар мушкили саломатӣ, масалан дарди дандон ё меъда пайдо шавад, бо духтур машварат кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз шояд шахсе ба ҳаёти шумо ворид шавад, ки бо суханони ширин шуморо хушнуд мекунад. Ба ҷои фаъолият, беҳтараш истироҳат кунед ва худро дар муҳити ором нигоҳ доред. Дар оила фазои гарми муҳаббат ва фаҳмиш ҳукмфармо хоҳад буд. Вақти худро бо наздикон гузаронед ва корҳои хонагиро бо якҷоягӣ анҷом диҳед. Барои нишон додани неруи кор ва ҳавас имконият фароҳам аст. Рӯз барои амалиётҳои молиявӣ ва бастани созишномаҳо муносиб аст. Барои оромӣ шир бо асал муфид хоҳад буд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ҳаёти ошиқона шояд каме ноором бошад, аммо ин марҳила муваққатист. Эҳсосоти шадид метавонад шуморо ба хатоӣ барад, аз шитобкорӣ худдорӣ кунед. Кӯшиш кунед ба дигарон кумак кунед ва бо эҷод машғул шавед, ин неруи дарунии шуморо тақвият медиҳад. Гарчи вазъият дар оғоз душвор намояд, меҳнати шумо ба натиҷа хоҳад расид. Ниҳоят, қадами муҳим дар роҳи молиявии мустақилатон гузошта мешавад. Тан ва рӯҳи шумо муқовимати кофӣ доранд, вале гигиена ва эҳтиётро фаромӯш накунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз худро неруманд ва хушбин эҳсос мекунед. Дар муҳаббат принсипнок ҳастед ва ба осонӣ аз мавқеи худ намегузаред. Барои наздикон вақт ҷудо кунед. Қобилияти баланди муоширататон кумак мекунад, ки робитаҳои судманд пайдо кунед. Аммо бо эҳтиёт бошед, баъзеҳо метавонанд аз самимиятатон сӯйистифода кунанд. Рӯзи фаровонии пулӣ аст. Саломатии худро зери назорат гиред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ҳунарҳои худро нишон диҳед. Муҳити нав, ҳатто сафари кӯтоҳ, метавонад барои рӯҳу равонатон гуворо бошад. Гарчи хоҳиш доред аз кор дур шавед, кӯшиш кунед масъулиятро нигоҳ доред, дар акси ҳол истироҳати оянда нохуш мегардад. Меҳрубонӣ ва дастгирии шумо боиси миннатдории дигарон мегардад. Имрӯз барои корҳои нав муосид нест, эҳтиёт кунед, ки аз хастагӣ ва беморӣ эмин бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзро бо табассум ва кайфияти хуб оғоз кунед, чунин рӯҳия боиси хушмуомилагии дигарон мешавад. Эҳтиёт кунед, касе метавонад бо суханони фитнаангез байни шумо ва наздикон нофаҳмӣ барангезад. Бо меҳнат ва масъулият дар кор обрӯ пайдо мекунед. Ҳар сухане, ки мегӯед, метавонад таъсири манфӣ дошта бошад, ақлро боло аз эҳсосот гузоред. Имрӯз барои кори вазнин мусоид нест.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз эҳсосоти шумо шояд аз тарафи дигарон нодида гирифта шаванд. Ҳоло беҳтараш сабр намоед ва барои баён кардани муҳаббат лаҳзаи муносибро интизор шавед. Агар эҳсос мекунед, ки аз муҳити хона хаста шудаед, сафари кӯтоҳ ё танҳоӣ метавонад кӯмак кунад. Кори худро ба нақша гиред, тартиби дуруст фишорро коҳиш медиҳад. Агар эҳсос мекунед, ки заҳматҳоятон қадр намешавад, шояд бояд роҳи касбии худро дигар кунед. Танаффусҳои кӯтоҳро дар назар гиред.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи орому мусбат пешорӯйи шумост. Барои бардоштани рӯҳия, бо эҳсосоти хубу атрофиёни гуворо худро иҳота кунед. Рашк ва худхоҳиро канор гузоред, онҳо роҳнамои хуб нестанд. Ба ишораҳои тақдир гӯш диҳед, ҳатто агар онҳо ночиз намоянд. Аз корҳое, ки фишори ҷисмонӣ ё равонӣ талаб мекунанд, парҳез кунед. Худатонро бо як кор ё туҳфаи хурде шод кунед. Машғулиятҳои оромбахш мисли бофтан ё санъати дастӣ шуморо сабук ва нерӯманд месозанд.