arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2021
3076

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат надиҳед, ки нафарони аз худатон хурд ба шумо зӯрӣ кунанд ё шуморо ба зери итоати худ дароранд. Ҳам барои фаъолияти касбӣ ва ҳам барои муносибатҳои ошиқона айёми муносиб аст. Сараввал корҳои таъҷилиро ҳал кунед ва баъдан аз пайи иҷрои дигар масъалаҳо шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳо дар ин рӯз ҳама корҳои худро як сӯ гузошта, фақат ба мушкилиҳои шахсӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Барои сармоягузорӣ айёми мусоид аст. Истеъмоли ҳамагуна машруботро ба шумо манъ мекунем, зеро эҳтимоли заҳролуд шуданатон зиёд аст. Ба реҷаи хӯрокхӯриатон аҳамияти ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз агар бештар кор кунед, фоидаи хуб ба даст меоред. Ҳамчунин, рӯз барои оғози тиҷорати хурду бузург бобарор аст. Иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ба корҳои шумо эҳсоси мусбӣ зам мекунад. Шом ба хабаргирии яке аз аъзои оилаатон, ки аз шумо ҷудо зиндагӣ мекунад, биравед ва албатта, бо дастовез.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз беқадр мешавед ва муносибати атрофиён бо шумо куллан тағйир меёбад. Кӯшиш кунед, ки ором бошед ва аз пашша фил насозед. Ба бепарвоии атрофиён аҳамият надода, бештар истироҳат кунед. Фаъолияти зеҳниатонро тақвият бахшед, дар ин ҳолат баланд бардоштани самаранокӣ кафолат дода мешавад.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз эҳтимол, дӯстонатон барои кӯмак пурсидан ба шумо муроҷиат мекунанд. Агар кӯмаки бебозгашт кардан хоҳед, пас ба ёриашон шитобед. Гуфтушунидҳои кориро низ дар давоми рӯз ба нақша гиред. Идеяҳое, ки ба саратон меоянд, дар ягон ҷойи махфӣ қайд кунед, то фаромӯш насозед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба корҳои майда-чӯйда машғул шуданро ба шумо тавсия намедиҳем. Шумо инсони комил ҳастед ва корҳои бузург зеби шумост. Ҳамон қадар ба муваффақият наздик шавед, ҳамон андоза мушкилиҳо садди роҳатон шудан мегиранд, вале шумо наҳаросед. Хотири наздикони худро бо туҳфае шод намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ситораҳо мегӯянд, ки эҳтимоли дар ин рӯз фош шудани якчанд сирру асрори шумо вуҷуд дорад. Хавотир нашавед ва ба вазъият нигоҳ карда, амал намоед. Кӯшиш кунед, худро аз нафароне, ки боиси ба ташвиш ва изтироб афтодани шумо мешаванд, дур гиред. Бетараф бошед, то муносибататон бо касе вайрон нашавад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ақрабҳоро лозим аст, ки ба маслиҳатҳои ҳамсари худ гӯш диҳанд ва ба гуфтаи ӯ амал намоянд. Баъзе ақрабҳо ба мулоқоти ошиқона мераванд ва шикорашон барор мегирад. Хаёлҳои пучу бемаъноро аз сари худ дур созед, зеро дар як рӯз ҳал кардани ҳамаи мушкилиҳо комилан ғайриимкон аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз қаҳру ғазаби худро ба сари ҳамкорон ва дӯстони наздики худ нарезед. Кӯшиш кунед, ки аз ҳад нагузаронед ва ба дағалӣ низ роҳ надиҳед. Хонаводаи худро сарҷамъ карда, барояшон бо дастони худ хӯрок пазед ва онҳоро зиёфат диҳед. Шаб барвақттар ба хоб рафта, барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба назди духтур равед ва дар фикри саломатии худ бошед. Агар гуфтаҳои табибонро сари вақт иҷро кунед, ҳолатон пас аз ду-се рӯз хуб хоҳад шуд. Агар хоҳед, ки муносибататон бо ҳамкорон дубора барқарор шавад, ин бор аз гуноҳи онҳо гузаред ва ҳушдор диҳед, ки иштибоҳи худро дигар такрор накунанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз танҳо барои ояндаатон нақша кашед, вале барои дар амал татбиқ кардани онҳо ҳанӯз барвақт аст. Эҳсоси худро дар худ нигоҳ доред, то вазъият печидатар нашавад. Далвҳо бояд ба мушкилиҳои ҳалталаби худ расидагӣ кунанд. Имрӯз низ дили дӯстдоштаатонро ба даст оварда наметавонед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯз барои таҳкими робитаҳои корӣ ва шиносоиҳои нав муфид аст. Дар истифодаи пул сарфакор бошед ва як қисми даромади худро пасандоз кунед. Дар қабул кардани қарорҳое, ки ба ояндаатон вобастагӣ доранд, саросема нашавед. Ҳангоми қабули қарорҳо ояндаи наздиконатонро низ ба назар бигиред.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД